“Дар Душанбе ғизо фаровон мешавад?” Ба ниҳоди хариди давлатии хӯрокворӣ имтиёзи бештар дода шуд

Ба корхонае, ки шаҳри Душанберо бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин мекунад, имтиёзҳо дода шуд. Ин корхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоиз ва боҷҳои гумрукӣ озод мегардад. Ҳадафи додани имтиёзҳо танзими нархи молу маҳсулот дар бозор ва дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани захираҳои зарурии маҳсулоти асосии озуқа унвон мешавад. Палатаи поёнии парлумони […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ба корхонае, ки шаҳри Душанберо бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин мекунад, имтиёзҳо дода шуд. Ин корхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоиз ва боҷҳои гумрукӣ озод мегардад. Ҳадафи додани имтиёзҳо танзими нархи молу маҳсулот дар бозор ва дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани захираҳои зарурии маҳсулоти асосии озуқа унвон мешавад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба қонун «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023» тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоиз ва боҷҳои гумрукӣ – пурра озод карда мешавад.

Муовини вазири молия Сарвар Қурбониён ба вакилони парлумон хабар дод, ки тағйирот тибқи муроҷиати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар асоси хулосаи Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳия гардидааст.

Мутобиқи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2023”, воридоти маҳсулот аз ҷониби ин корхона, ки номгӯи он бо қарори ҳукумати ҶТ тасдиқ мегардад (биринҷ, орд, шакар, равған, гандум ва ғайра), аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоиз ва боҷи гумрукӣ озод мегардад.

Дар доираи Созишномаи савдои озод бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил воридоти гандуми истеъмолӣ, орд, равғани растанӣ, биринҷ ва шакар, ки асосан дар ин кишварҳо истеҳсол ва ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуда, зимни воридоти онҳо аз давлатҳои берун аз минтақаи савдои озод бо назардошти дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нагардидани озодкунӣ нисбат ба боҷи гумрукӣ имтиёз татбиқ намегардад.

Бинобар ин, тибқи лоиҳаи қонун ба қисми 4 моддаи 15 Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023» илова пешбинӣ гардида, дар доираи он молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ки аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ворид мешавад, аз ин пардохтҳо озод мегардад.

“Бо ворид гардидани тағйироти зикршуда ба қонун имкон пайдо мегардад, ки нархи молу маҳсулот дар бозор танзим, захираҳои зарурии маҳсулоти асосии озуқа ва ҳаҷми воридоти орд, равғани растанӣ, шакар ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад”, – шарҳ дод Қурбониён.

Вакили парлумон Азиз Гиёзода изҳор дошт, ки мақсади ворид намудани тағйироту иловаҳо беҳтар намудани вазъи таъминоти бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе мебошад.

Ба ақидаи ӯ, пешниҳод гардидани имтиёзи андоз ва боҷи гумрукӣ барои фаровонӣ ва дастрасии маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои дохилӣ шароит фароҳам оварда, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио