Омодагии Арабистони Саудӣ ба харидории мева ва об аз Тоҷикистон

Арабистони Саудӣ ният дорад, ки харидории хушкмева, асал ва оби нӯшокиро аз Тоҷикистон ба роҳ монад. Ин масъала зимни мулоқоти директори Агентии содироти назди ҳукумати ҶТ Баҳриддин Сироҷиддинзода бо сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Агентӣ. Сироҷиддинзода зикр кард, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ яке аз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Арабистони Саудӣ ният дорад, ки харидории хушкмева, асал ва оби нӯшокиро аз Тоҷикистон ба роҳ монад. Ин масъала зимни мулоқоти директори Агентии содироти назди ҳукумати ҶТ Баҳриддин Сироҷиддинзода бо сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Агентӣ.

Сироҷиддинзода зикр кард, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ яке аз иқтисодиёти пешрафтаи минтақаи Шарқи наздик буда, дорои захираҳои ғании табиӣ ва таҷрибаи бой дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили саноати нафту газ, сохтмон, молия ва сармоягузорӣ мебошад.

Дар баробари ин таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, бофандагӣ, электроэнергетика ва ғайра иқтидори бузург дошта, метавонад ширкатҳои Саудиро барои ҳамкорӣ ба ин соҳа ҷалб намояд.

Гуфта мешавад, дар навбати худ сафир доир ба вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, ҷиҳати мусоидат дар рушди фаъолияти доираи соҳибкорон байни давлатҳо, афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тавассути ҳамкорӣ бо Агентии содироти Арабистони Саудӣ ва дар ба роҳ мондани содироти асал, меваҳои тару тоза ва хушккардашуда, обҳои нӯшокӣ ба Арабистони Саудӣ омодагӣ иброз намуд.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо Арабистони Саудӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳудуди 121 ҳазор доллар ва дар давоми тамоми соли 2022 – 276 ҳазор долларро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо тадбирҳои муассир рӯйи даст гирифта мешаванд.

Охири соли гузашта бо иштироки намояндагони зиёда аз 200 ширкату корхонаҳои фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратӣ доир гардид.

Меҳмонон аз Арабистони Саудӣ аз корхонаҳои саноатии Душанбе боздид намуда, имконоти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро омӯхтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.