Кормандони милитсияи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон роҳбари шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и ноҳия, зани 37-соларо ҳангоми гирифтани пора дастгир намуданд.
“Боздоштшуда барои таъҷилан иваз намудани ному насаб аз зани сокини маҳаллӣ 2 ҳазору 450 сомонӣ маблағ талаб кардааст, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД. – Як қисмате аз пул – 1 ҳазор сомониро ӯ гирифта, ҳангоми гирифтани қисмати боқимондаи маблағ – 1 ҳазору 450 сомонӣ боздошт шуд”.
Нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаҳои 319, қ. 1 (Гирифтан пора) ва 32, қ.3-и (Тайёрӣ ба ҷиноят ва Суиқасд ба ҷиноят)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба ӯ ба муҳлати то 5 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ таъин шуда метавонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.