Боздошти нашъаҷаллобони зодаи Ӯзбекистону Тоҷикистон дар Томск

Роҳбар ва чор узви гурӯҳи этникӣ, ки ба фурӯши маводи нашъаовар дар Ҳавзаи федералии Сибр машғул буданд, боздошт шуданд. Дар мошини онҳо бастаҳо бо 1 кило героин дарёфт шудааст, иттилоъ додаанд ба хабаргузории ТАСС аз хадамоти матбуоти РВКД-и минтақа. “Аз ҷониби кормандони Раёсати назорати маводи нашъаовари РВКД Русия дар вилояти Томск фаъолияти гурӯҳи муташаккили этникии […]

Asia-Plus

Роҳбар ва чор узви гурӯҳи этникӣ, ки ба фурӯши маводи нашъаовар дар Ҳавзаи федералии Сибр машғул буданд, боздошт шуданд. Дар мошини онҳо бастаҳо бо 1 кило героин дарёфт шудааст, иттилоъ додаанд ба хабаргузории ТАСС аз хадамоти матбуоти РВКД-и минтақа.

“Аз ҷониби кормандони Раёсати назорати маводи нашъаовари РВКД Русия дар вилояти Томск фаъолияти гурӯҳи муташаккили этникии машғул ба фурӯши маводи нашъаовар дар қаламрави Ҳавзаи федералии Сибир қатъ шуд… Дар роҳи даромад ба маркази вилоят (Томск) роҳбари гурӯҳ – зодаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 1976 боздошт шуд, ки роҳу воситаҳои интиқоли маводи мухаддирро ба қаламрави вилоят ба роҳ мондааст”, – омадааст дар хабар.

Ҳангоми азназаргузаронии мошини ӯ аз дохилаш бастаҳои маводи полимерии ранги сиёҳ дарёфт шудааст. Ташхис нишон додааст, ки он маводи героин буда, вазнаш беш аз 1 килоро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин боз 4 узви дигари гурӯҳ – 3 шаҳрванди Ӯзбекистон (солҳои таваллудашон 1984, 2003 ва 2004) ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон (соли таваллудаш 1982) боздошт шудаанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, маводи нашъаоварро онҳо ба таври чакана тариқи пинҳонгоҳҳо мефурӯхтаанд.

Кормандони пулис зиёда аз 200 баста бо маводи манъшуда, масолеҳ барои баста, инчунин беш аз 10 бастаи барои дар пинҳонгоҳҳо гузоштанро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Мутобиқи моддаҳои 30 қисми 3 ва 228.1, қисмҳои 4 ва 5 КҶ ФР (суиқасд ба ҷиноят; истеҳсоли ғайриқонунӣ, фурӯш ё интиқоли маводи нашъаовар) 4 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба ҳамаи боздоштшудагон айбнома пешниҳод гардида, ба сифати чораи пешгирӣ дар ҳабс қарор доштан татбиқ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.