Дар ним сол Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 44 млн доллар барқ фурӯхт

Дар зарфи 6 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 43,2 млн доллар неруи барқ содир намуд, ки 1,4 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар чаҳорчӯби қарордодҳои имзошуда Тоҷикистон ба Афғонистон (тамоми сол, лекин дар ҳаҷми маҳдуд дар мавсими тирамоҳу […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 43,2 млн доллар неруи барқ содир намуд, ки 1,4 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар чаҳорчӯби қарордодҳои имзошуда Тоҷикистон ба Афғонистон (тамоми сол, лекин дар ҳаҷми маҳдуд дар мавсими тирамоҳу зимистон) ва Ӯзбекистон  – танҳо дар мавсими баҳору тобистон (аз моҳи май то август) неруи барқ интиқол медиҳад.

Ин ба он вобаста аст, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқ ҳатто барои таъмини истеъмолгарои дохилӣ намерасад.

Дар фасли тобистон ҷумҳурӣ захираҳои барзиёдатии обу энергетикиро дар ихтиёр дорад, ки қисмате аз он дар неругоҳҳои барқи обӣ холӣ партоб мешавад.

Нимаи моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон дар бораи оғози мавсими воридоти неруи барқ аз Тоҷикистон хабар дод.

«Маълум аст, ки аз соли 2018 инҷониб таҷрибаи содироти неруи барқ дар давраи обёрии тобистона ба Ӯзбекистон амал карда, ин дар навбати худ ба зиёд шудани маҷрои обҳои табиӣ ба обанборҳои кишвари мо мусоидат мекунад, – зикр гардида буд дар хабар.

Тибқи маълумоти Агентии омор, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 10,7 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 3,3% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 аст.

Наздики 95%-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, қисмати боқимонда ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ва ҳаҷми начандон зиёд ба неругоҳҳои офтобӣ рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.