Тоҷикистон мусобиқаи CAFA Futsal Сup-2023-ро бо нокомӣ оғоз кард

Date:

Рӯзи 23 июл дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ нахустин мусобиқа байни дастаҳои миллии футзал оғоз шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» аз барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё-2022 – дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Гуфта мешавад, дар вохӯриҳои дигар дастаи Афғонистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 ва дастаи Туркманистон бар футзалбозони Эрон бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқа имрӯз, 24 июл дар Маҷмааи бисёрсоҳавии Душанбе баргузор мешаванд. Соати 14:00 вохӯрии дастаҳои мунтахаби Эрон ва Қирғизистон, соати 17:00 – Ӯзбекистон ва Афғонистон ва соати 17:00 – Тоҷикистон ва Туркманистон доир мегарданд.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 2

24 июл (душанбе)

14:00 Эрон – Қирғизистон

17:00 Ӯзбекистон – Афғонистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...