Тоҷикон бештар аз ҳама шаҳрвандии Русияро гирифтаанд

Date:

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 87 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ дарёфт кардаанд, ки нисбат ба як соли қабл 13 ҳазор нафар бештар аст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия бо пешниҳоди омори муҳоҷирон иттилоъ додааст.

Тибқи омори пешниҳодкардаи ин ниҳод, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 беш аз 205 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 382 ҳазор нафар камтар аст.

Дар гирифтани шаҳрвандии Русия шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф, шаҳрвандони Украина дар ҷои дувум – 39 ҳазор ва Арманистон дар ҷои сеюм – қариб 18 ҳазор нафар мебошанд.

Баъдан Қазоқистон (13 ҳазору 876), Қирғизистон (10 ҳазору 500), Узбекистон (9 ҳазору 340), Озарбойҷон (7 ҳазору 457) қарор доранд.

Ҳамчунин, тибқи маълумоти ВКД-и Русия, 128 ҳазору 156 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия иҷозатномаи иқомат доранд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо низ чанде баъд шаҳрвандии Русияро соҳиб мешаванд.

46 ҳазору 479 нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи иқомати муваққатӣ доранд, ки ин қадами аввал дар роҳи дарёфти шаҳрвандии Русия аст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар се соли ахир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дархости шаҳрвандии Русияро доранд, афзоиш ёфтааст.

Агар дар соли 2020 беш аз 63 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифта бошанд, пас дар соли 2021 ин рақам ба беш аз 103 ҳазор ва дар соли 2022 ба беш аз 173 ҳазор нафар расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...