Президенти Тоҷикистон ба нишасти сеҷониба дар Ашқобод омодагӣ мегирад

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки аввали моҳи августи соли равон  дар назар аст, ба Ашқобод меравад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Корҳои омодагӣ ба нишасти мазкур чанде пеш дар рафти конфронси видеоӣ бо иштироки вазирони хориҷии се кишвар: Сироҷиддин Муҳиддин (Тоҷикистон), Рашид Мередов (Туркманистон) ва Бахтиёр Саидов (Ӯзбекистон) баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро баррасӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар ин замина вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд”, – зикр мешавад дар хабари Вазорат.

Дар нишасти мазкур баррасӣ ва табодули назар оид ба масоили муҳими ҳамкориҳо ва рушди минтақа, имкони таҳкими муносибатҳои сулҳомез ва субот дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...