Раиси “Тоҷик Эйр”: “Ду моҳ баъд парвозро оғоз мекунем”

“Тоҷик Эйр” – ягона ширкати ҳавопаймоии давлатии Тоҷикистон ду моҳ баъд ба парвозҳо шурӯъ мекунад. Аммо санаи дақиқи оғози парвозҳо мушаххас нест. Дар ин бора Парвиз Шодмонзода, директори генералии ин ширкат дар нишасти хабарии имрӯз, 28-уми июл, хабар дод. Ба гуфтаи Шодмонзода, ҳоло масъалаи қарзи ширкат ҳал мешавад, аммо “он ба ҳеҷ ваҷҳ ба азсаргирии […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

“Тоҷик Эйр” – ягона ширкати ҳавопаймоии давлатии Тоҷикистон ду моҳ баъд ба парвозҳо шурӯъ мекунад. Аммо санаи дақиқи оғози парвозҳо мушаххас нест.

Дар ин бора Парвиз Шодмонзода, директори генералии ин ширкат дар нишасти хабарии имрӯз, 28-уми июл, хабар дод.

Ба гуфтаи Шодмонзода, ҳоло масъалаи қарзи ширкат ҳал мешавад, аммо “он ба ҳеҷ ваҷҳ ба азсаргирии кор таъсир намерасонанд”.

Бояд зикр кард, ки дар нишасти матбуотии қаблӣ, яъне шаш моҳ пеш низ Парвиз Шодмонзода гуфта буд, ки  пас аз чанд моҳ парвозҳоро оғоз мекунанд. Бо гузашти ним сол, раиси “Тоҷик Эйр” бори дигар мегӯяд, ки моҳҳои август – сентябр парвозҳо оғоз мешаванд.

Шаш моҳ пеш роҳбари “Тоҷик Эйр” ба хабарнигорон гуфта буд, ки ду ҳавопаймои “Эйрбас” ба иҷора гирифта, мунтазири азсаргирии парвозҳо мебошанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки “Тоҷик Эйр” ягона ширкати давлатии Тоҷикистон буда, чанд сол аст ба мушкили молӣ гирифтор аст. Дар ин давра, чанд роҳбари ин ширкат иваз шудаву баъзеи онҳо ба ҷавобгарӣ низ кашида шуданд.

Дар бораи таърихи муфлисшавии ширкати “Тоҷик Эйр” аз матлаби “Ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз пардохти андоз озод шуданд. “Tajik Air” аз варта раҳо мешавад?” муфассал маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст