Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти АМА

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён, президенти АМА дар робита ба даргузашти бародараш – Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ фиристодааст. “Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён, президенти АМА дар робита ба даргузашти бародараш – Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ фиристодааст.

“Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”, – зикр мегардад дар барқияи Президенти Тоҷикистон.

Расонаҳои АМА қаблан навишта буданд, ки Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён аз беморӣ ранҷ мебурд.

Дар робита ба марги бародари Президенти АМА дар ин кишвар мотами серӯза эълон шуд ва он аз 27 то 29-уми июл идома ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст