Вазир гуфт, ки Тоҷикистон чӣ қадар нафту газ истихроҷ кардааст

Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бо сабаби тибқи нақша кор накардани ширкатҳо марбути дохилӣ, истихроҷи нафт ва газ кам шудааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2023 истихроҷи нафт 9,1 ҳазор тоннаро ташкил […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бо сабаби тибқи нақша кор накардани ширкатҳо марбути дохилӣ, истихроҷи нафт ва газ кам шудааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2023 истихроҷи нафт 9,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин 2,8 ҳазор тонна камтар аз нақша будааст.

“Дар шашмоҳи аввали соли 2023 нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 441 тонна кам нафт истихроҷ гардидааст”, – гуфт Далер Ҷумъа.

Вазир афзуд, дар шашмоҳаи гузашта истихроҷи гази табиӣ 193,7 ҳазор метри мукаабро ташкил додааст, ки ин 181,3 ҳазор метри мукааб камтар аз нақша мебошад.

Номбурда сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи истихроҷи нафтро ба фаъолияти сусти ширкатҳои истихроҷи нафти кишвар рабт дод.

“Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби ҶМДММ "Петролеум Суғд" – 2661,8 тонна, ҶСК "Нафту газ" – 129,7, ҶСП "Ҳасан ва К" – 80 тонна ва ҶДММ “Сетос” – 67 тонна кам нафт истихроҷ гардидааст”, – гуфт Далер Ҷумъа.

Ҳамчунин, сабабҳои дигари кам истихроҷ гардидани нафтро ба қатъ гардидани нерӯи барқ дар мавсими зимистон ва ба таври кофӣ ба роҳ намондани корҳои барқароркунии чоҳҳо дар ҷамъияти "Петролеум Суғд" мансуб донист.

Аммо ӯ сабаби кам истихроҷ шудани газро шарҳ надод.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки дар ин давра норасоии нафту газ тавассути воридоти он ҷуброн гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар 6 моҳи соли 2023 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 710 ҳазору 278 тонна ворид гардидааст.

“Дар давраи хисоботӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ нисбат ба хамин давраи соли 2022, дар ҳаҷми 134811 тонна зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, ин нишондиханда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 ҳазору 558 тонна зиёд буда, 53,3%-и иҷрои нақшаи тавозуни индикативиро ташкил медиҳад”, – нигаронӣ кард Далер Ҷумъа.

Ёдовар мешавем, ки дар нимсоли аввал ба кишвар бензин 174 ҳазору 252 тонна, сӯзишвории дизелӣ 206 ҳазору 156 тонна, сӯзишвории реактивӣ 37 ҳазору 391 тонна, мазут 22 ҳазору 715 тонна, битум 22 ҳазору 554 тонна, равғанҳои молиданӣ 9 ҳазору 862 тонна, дигар намуди маҳсулоти нафтӣ 1 ҳазору 370 тонна, кокси нафтӣ 28 ҳазору 210 ҳазор тонна ва гази моеъ 207 ҳазору 768 тонна ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.