Дар Кӯлоб “Дулан” якчанд мошинро пахш карда, ба хонаҳо бархӯрд: 10 ҳалокшуда ва 13 ҷароҳатбардошта

Бар асари садамаи нақлиёт, ки соати 19:30 дақиқаи рӯзи 6 август дар роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ рух дод, 10 нафар ҳалок ва 13 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар назди бозори “Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб мошини боркаш якчанд автомашинаҳои сабукравро пахш намуда, ба хонаҳо бархӯрдааст. Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, мошии боркаш бинобар сабаби аз […]

Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт, ки соати 19:30 дақиқаи рӯзи 6 август дар роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ рух дод, 10 нафар ҳалок ва 13 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар назди бозори “Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб мошини боркаш якчанд автомашинаҳои сабукравро пахш намуда, ба хонаҳо бархӯрдааст.

Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, мошии боркаш бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гаштаааст.

Гуфта мешавад, автомашинаи “Дулан” якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон мегардад, ки дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аммо то ҳол ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фвақулода дар бораи теъдоди дақиқи ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон расман хабар надодаанд.

Як манбаъ дар Раёсати тандурустии вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, 10 нафар ҳалок шуда, боз 13 тан ҷароҳат бардошаанд: ду кас пас аз ёрии аввалияи тиббӣ ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, боқимонда бистарӣ шудаанд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар медиҳад, ки бар асари ин садама 14 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои ВКД, автомашинаи боркаши “Дулан” ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” тааллуқ доштааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, мошии боркаш аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шудааст ва дар назди бозори "Сомонӣ"-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, чандин мошинро пахш карда, ду манзили зистро тахриб кардааст.

Бо супориши президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчнуин раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.

Дар маълумоти ВКД зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.