Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Гурҷистон барои ҳалокати одамон дар офати табиӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили дар робита ба ҳалокати одамон бар асари фаромадани ярч барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад, “хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистони дӯст боиси […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили дар робита ба ҳалокати одамон бар асари фаромадани ярч барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад, “хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистони дӯст боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

“Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии худро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Гурҷистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам», – зикр шудааст дар барқияи президенти Тоҷикистон.

Шоми рӯзи 3 август ба деҳаи баландкӯҳи Шовии Гурҷистон ярч фаромад. Обу лойқа ҳавлии меҳмонхонаи наздики он ва якчанд бӯстонсароҳои сайёҳиро пӯшонид. Садҳо нафар одамон ба макони амн кӯчонида шуданд.

Теъдоди ҳалокшудагон ба 17 нафар расида, дар дараи бо ярч пӯшонидашуда корҳои ҷустуҷӯ идома доранд. ВАО-и Гурҷистон хабар медиҳанд, ки то 20 нафар бедаракшуда боқӣ мемонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.