Тоҷике, ки одамонро аз сӯхтор наҷот дод мукофотонида шуд

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия Зафар Сайидзода ба бинокор аз Тоҷикистон Манучеҳр Расулов барои рафтори қобили таҳсинаш ифтихорнома тақдим кард: ӯ як зану кӯдакашро аз сӯхтор наҷот дод. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, дипломати ҷумҳурӣ ба шаҳрванди Тоҷикитсон барои ин ҷасораташ изҳори миннатдорӣ кард. Ёдрас мекунем, […]

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия Зафар Сайидзода ба бинокор аз Тоҷикистон Манучеҳр Расулов барои рафтори қобили таҳсинаш ифтихорнома тақдим кард: ӯ як зану кӯдакашро аз сӯхтор наҷот дод.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, дипломати ҷумҳурӣ ба шаҳрванди Тоҷикитсон барои ин ҷасораташ изҳори миннатдорӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1 август Манучеҳр Расулов дар маҷмааи манзилҳои «Светлый» дар Екатеринбург зан ва кӯдаки хурдсолро аз сӯхтори дар ҳоли алангагирӣ наҷот дод.

Ба гуфтаи худи бинокор,  ӯ сӯхторро аз паси панҷараи хона дида, зан ба балкон баромадааст ва кӯдакро дар дастонаш нигоҳ медоштааст.

Вақте ки Манучеҳр ба ин ошёна мерасад, мебинад, ки ҳамсояҳои зан кӯшиш доранд, ки ба хона ворид шаванд, лекин талошҳояшон бенатиҷа аст.

Манучеҳр бо истифода аз болға дарро кушода, модару фарзандашро аз хона берун мебарорад. Сипас ӯ ба ҷойи кориаш баргашта, ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Манучеҳр Расулов барои ин амали ҷасуронааш аз ҷониби ширкати сохтмоние, ки дар он кор мекунад, низ бо мукофот сарфароз гардонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.