Дар зарфи якуним сол теъдоди монополистҳо дар Тоҷикистон 2,5 баробар афзуд

Дар Тоҷикистон 248 субъекти хоҷагидорие, ки дар бозори ҷудогонаи молу маҳсулот мавқеи афзалиятнок (моноаполистӣ) доранд, ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Рӯйхати чунин субъектҳои хоҷагидорӣ дар аввали соли 2022 аз ҳудуди 100 корхона иборат буд. Дар Хадамот зикр мекунанд, ки шумори ин гуна хоҷагиҳо дар ҳама гуна вақт вобаста ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон 248 субъекти хоҷагидорие, ки дар бозори ҷудогонаи молу маҳсулот мавқеи афзалиятнок (моноаполистӣ) доранд, ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Рӯйхати чунин субъектҳои хоҷагидорӣ дар аввали соли 2022 аз ҳудуди 100 корхона иборат буд.

Дар Хадамот зикр мекунанд, ки шумори ин гуна хоҷагиҳо дар ҳама гуна вақт вобаста ба чӣ қадар саҳм доштан дар ин ё он бозор тағйир ёфта метавонад.

Мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории кишвар, ҳамон субъекти хоҷагидорӣ бартаридошта (монополист) шуморида мешавад, ки дар ин ё он бозори маҳсулот на камтар аз 35% ҳисса дошта бошад. Ҳамчунин се субъекте, ки ҳиссаи умумиашон дар бозор на камтар аз 50% ё панҷ субъкте, ки ҳиссаи умумиашон на камтар аз 70%-ро ташкил медиҳад, бартаридошта дониста мешаванд.

Дар Рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие, ки дар бозори муайяни мол мавқеи афзалиятнок доранд, айни замон операторони алоқаи мобилӣ, корхонаҳои бузурги истесҳоли семент ва бисёре аз дигар корхонаҳо қарор доранд.

Ҳамчунин Рӯйхати иборат 30 субъекти монполияи табиии Тоҷикистон мавҷуданд, ки аксарияти онҳ аз ҷониби давлат идора мешаванд.

Яъне онҳо ё корхонаҳои давлатӣ, ё ширкатҳои саҳҳомие мебошанд, ки бастаи пурра ё назоратӣ (зиёда аз 50%-и саҳмияҳо, лекин на бастаи пурра)-и онҳо дар ихтиёри ҳукумат қарор дорад.

Дар ин рӯйхат панҷ корхонаи воҳиди давлатӣ: КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, КВД “Обу корези Душанбе”, КВД “Почтаи Тоҷикистон” ва КВД “Обу корези Хуҷанд” зикр шудаанд.

Аксарияти кулли монополияҳои табиӣ ҷамъиятҳои саҳҳомии гуногун бо ҳиссаи ҳукумат, аз ҷумла ҶСК “Барқи тоҷик” ва собиқ воҳидҳои он мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.