Тағйироти кадрӣ. Дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ нафарони нав ба вазифаҳо таъин гардиданд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август, бо нафароне, ки дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардиданд, суҳбат намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар хабар медиҳад. Ҳамин тариқ, Раҷабзода Насимҷон Холмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якум-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти […]

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август, бо нафароне, ки дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардиданд, суҳбат намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар хабар медиҳад.

Ҳамин тариқ, Раҷабзода Насимҷон Холмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якум-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Ҳикматулло Пиракзода, ки то ин замон дар вазифаи сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд фаъолият дошт, муовини якум-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Умарзода Умар Сафар бошад, сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд таъин карда шуд.

Ҳамчунин, муовини дигари Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахт Кишваршо Султон, ки масъули хадамоти кашф буд, низ аз вазифа озод карда шуд.

Ба ҷойи ӯ Шоҳвализода Тоҷиддин Саидро таъин гардид.

Гуфта мешавад, ки кадрҳои нав аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба, хатмкардагони ду муассисаи олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дорои маҳорати хуби фармондеҳиву ташкилӣ, содиқу корозмуда таъин гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.