Дар нимсолаи авали соли 2023 дар Тоҷикистон талоқ коҳиш ёфта, никоҳ бештар шудааст. Дар ин бора Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 8-уми август, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба иттилои Музаффар Ашуриён, давоми 6 моҳи соли 2023 дар Тоҷикистон 32 ҳазору 151 акди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 2 ҳазор зиёдтар аст. Дар 6 моҳи соли 2022 дар кишвар 30 ҳазору 266 акди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд.
Номбурда гуфт, дар ин давра дар кишвар 5 ҳазору 370 ақди никоҳ бекор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1895 адад ва ё 25 дарсад камтар аст. Дар 6 моҳи соли 2022-ум 7 ҳазору 265 ҳолати талоқ ба қайд гирифта шуда буд.
Дар бораи таносуби никоҳ ва талоқ дар кишвар барои солҳои 2021 ва 2022 метавонед аз матлаби “Қариб 13 ҳазор оила аз ҳам пош хӯрдаанд. Муқоисаи омори никоҳу талоқ дар Тоҷикистон” маълумоти бештар пайдо кунед.




