Тоҷикистон дар зинаи 126-уми радабандии ҷаҳонии маълумоти боз қарор гирифт

Дар радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии маълумоти бози Open Data Inventory (ODIN) Тоҷикистон бо касби 42 балл дар зинаи 126-ум қарор гирифт. Радабандӣ рӯзи 9 августи соли ҷорӣ нав шуда, 195 кишвари саросари дунёро фаро гирифтааст, хабар медиҳад Фергана. Таҳиягарони радабандӣ – таҳлилгарони созмони Open Data Watch ҳамасола фарогирӣ ва боз будани омори расмии кишварҳои гуногун барои […]

Asia-Plus

Дар радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии маълумоти бози Open Data Inventory (ODIN) Тоҷикистон бо касби 42 балл дар зинаи 126-ум қарор гирифт. Радабандӣ рӯзи 9 августи соли ҷорӣ нав шуда, 195 кишвари саросари дунёро фаро гирифтааст, хабар медиҳад Фергана.

Таҳиягарони радабандӣ – таҳлилгарони созмони Open Data Watch ҳамасола фарогирӣ ва боз будани омори расмии кишварҳои гуногун барои ошкор намудани камбудиҳо, пешбурди сиёсати маълумоти боз ва ҳавасмандсозии муколама байни мақомоти миллии омор ва корбарони маълумотро арзёбӣ мекунанд.

Пешсафи радабандӣ Сингапур (90 балл) мебошад. Ба панҷгонаи аввал Лаҳистон (Полша), Дания, Финландия ва Норвегия шомиланд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон бо касби 70 балл дар зинаи 30-юм, Қазоқистон бо 63 балл дар мақоми 51-ум ва Қирғизистон бо 63 балл дар зинаи 51-ум қарор гирифтаанд. Туркманистон бо касби 1 балл кишвари аз ҳама пӯшида дар ҷаҳон эътироф шуда, дар зинаи охир – 195-ум ҷойгир шудааст.

ИМА бо 72 балл зинаи 22-юм, Русия бо 62 балл – мақоми 57-ум, Туркия бо 59 балл – ҷойи 66-ум ва Чин бо 37 балл – мақоми 149-умро ишғол кардаанд.

Афғонистон 32 балл гирифта, дар зинаи 167-ум қарор гирифтааст. Кореяи Шимолӣ дар радабандӣ зикр нашудааст.

Ба иттилои Фергана, дар Агентии омори Ӯзбекистон хотиррасон намудаанд, ки дар 6 соли пеш ин ҷумҳурӣ дар кадом зинаҳо қарор дошт:

– соли 2015 бо 3 балл дар зинаи охири 125-ум;

– соли 2016 бо 13 балл дар зинаи 168-ум байни 173 кишвар;

– соли 2017 бо 18 балл дар зинаи 167-ум байни 180 кишвар;

– соли 2018 бо 19 балл дар зинаи 168-ум байни 178 кишвар;

– соли 2020 бо 63 балл дар зинаи 44-ум байни 187 кишвар;

– соли 2022 бо 66 балл дар зинаи 40-ум байни 192 кишвар.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио