Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи захмиёну фавтидагони фоҷеаи Кӯлоб кӯмакпулӣ додааст

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаҳои захмиёну фавтидагони садамаи фоҷеабори шаҳри Кӯлоб кӯмакпулӣ равон кардааст. Дар ин бора Орзу Ҳамидиён, муовини шаҳрдори Кӯлоб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Эмомалӣ Раҳмон ба 9 нафаре, ки дар пайи садамаи мошини боркаши “Дулан” воситаҳои нақлиёташон хароб гардид, мошинҳои ҳамсони нав ҳадя кардааст.

“Ба замми ин, аз ҷониби раисиҷумҳур ба оилаи 11 нафар фавтидагон 20 ҳазор сомонӣ ва ба оилаи 12 нафари дигар захмиён 7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Орзу Ҳамидиён афзуд, ки инчунин ба оилаи ҳама 23 нафар захмиёну фавтидагон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока супорида шуд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин фоҷеаи шаҳри Кӯлоб бо супориши Эмомалӣ Раҳмон аз буҷаи ҳукумати ҷумҳурӣ 100 ҳазор сомонӣ ва аз буҷаи ҳукуматҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб маҷмаан 185 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида ва ин ҳама кӯмакҳо аз ҳисоби ин маблағ расонида шудааст.

Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ба назди зарардидагони садамаи нақлиётии Кӯлоб рафта, ба онҳо кӯмакҳои пулӣ дода буданд.

Дар ин баробар, ҳукумати шаҳри Кӯлоб ваъда додааст, ки ба соҳибони се хонае, ки дар пайи садамаи нақлиётии мошини боркаши “Дулан” хароб шуданд, хонаҳои нав бунёд карда медиҳад.

Гуфтан ба манрид аст, ки дирӯз, 8-уми авгуфт, аз КҲФ-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳоло барои бунёди се хонаи дар пайи ин ҳодисаи нақлиётӣ харобгардида дар шаҳри Кӯлоб заминҳои мувофиқ ҷудо шудаааст.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи садамаи нақлиётии мошини боркаши “Дулан”, ки шоми 6-уми август дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб рух дод, 11 нафар ҷон бохта, 7 мошин аз кор баромада ва 3 хона валангор шудаанд. Гузориши муфассали моро дар ин ҷо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...