Захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон алҳол аз сатҳи зарурӣ зиёдтаранд

Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) то охири нимсолаи якуми соли равон 6,9 моҳи сатҳи рӯйпӯши воридотро ташкил медиҳанд, хабар дод раиси БМТ Ҳоким Холиқзода зимни нишасти матбуотии имрӯза. Ҳаҷми миёнаи моҳонаи воридоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи маълумоти Агентии омор, 456 млн долларро ташкил додааст. Холиқзода зикр кард, ки қисмате аз ин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) то охири нимсолаи якуми соли равон 6,9 моҳи сатҳи рӯйпӯши воридотро ташкил медиҳанд, хабар дод раиси БМТ Ҳоким Холиқзода зимни нишасти матбуотии имрӯза.

Ҳаҷми миёнаи моҳонаи воридоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи маълумоти Агентии омор, 456 млн долларро ташкил додааст.

Холиқзода зикр кард, ки қисмате аз ин захираҳо агар лозим шавад, ба дастгирии қурби асъорӣ миллӣ равона гардида, зимни зарурат захираҳои мазкур аз ҳисоби харидҳо дар бозорҳои дахлдор зиёд карда мешаванд.

Ба сурати умум, таъкид дошт ӯ, захираҳои байнулмилалии БМТ аз меъёрҳои кифоят, ки барои кишварҳои сатҳи рушди Тоҷикистон муайян шудаанд (кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо сатҳи даромади пасттар аз миёна, – эзоҳи муаллиф), зиёд мебошанд.

Қаблан аввали моҳи апрели соли равон Холиқзода хабар дода буд, ки 86%-и захираҳои байнулмилалии БМТ-ро қисмати асъор бо шумули Ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ – воситаи захиавӣ ва пардохтии Хазинаи байнулмилалии асъор ташкил медиҳад.

Ӯ таъкид дошта буд, ки ба сохтори захираҳои байнулмилалӣ соли гузашта инчунин евро ва юани Чин шомил гардиданд.

Ба гуфтаи Холиқзода, тиллои монетарӣ (пулӣ) дар захираҳои Бонки миллӣ 12% ва сандуқи сармоягузории хориҷӣ – 2%-ро ташкил медиҳад.

Дар гузориши аввали моҳи июл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, вуруди ҳаҷми зиёди асъор ба Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба афзоиши захираҳои тиллову асъори кишвар мусоидат кард.

Зикр шуд, ки дар соли 2022 ҷумҳурӣ ин захираҳоро ба андозаи 37% – “тақрибан то 3,8 млрд доллар” зиёд кард.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари Бонки миллӣ, Вазорати молия низ захираҳои тиллову асъори худиро дар ихтиёр дорад.

Қисмати асъори захираҳои байнулмилалии кишвраҳои ҷаҳон аз ба истилоҳ “асъори захиравӣ” иборат аст. Мақоми асъори захиравиро Шӯрои мудирони Хазинаи байнулмилалии асъор медиҳад.

Айни замон доллари ИМА, евро, фунт стерлинг (GBP), франки швейтсарӣ (CHF), йенаи Ҷопон (JPY) ва юани Чин (аз соли 2015) чунин мақомро доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.