“Ҳанӯз аз Эрон маълумоти расмӣ нагирифтаем”. Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғи Эронро маҳкум кард

Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғи Эрон, ки боиси кушта шудани 4 нафар ва захмӣ гаштани 8 тани дигар гардид, шадидан маҳкум мекунад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми август, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ӯ дар робита ба даст доштани як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳамла афзуд, ҳанӯз аз […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғи Эрон, ки боиси кушта шудани 4 нафар ва захмӣ гаштани 8 тани дигар гардид, шадидан маҳкум мекунад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми август, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ дар робита ба даст доштани як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳамла афзуд, ҳанӯз аз ҷониби Эрон вобаста ба ин ҳодиса маълумоти расмӣ нагирифтаанд ва дар бораи даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳамла аз манбаъҳои иттилотӣ огоҳ шудаанд.

“Ҳодисаи террористӣ дар Шоҳчароғи Шерозро мо шадидан маҳкум мекунем. Дар зимн ба наздикони фавтида сабри ҷамил ва замиён шифои комил мехоҳем. Вобаст ба ин амали террористӣ гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бисёр бомаврид аст: “террорист ватан, миллат ва дин надорад”. Ӯ дар куҷое бошад ҷинояткор, яъне тероррист аст ва бояд маҳкум шавад”, – изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Номбурда гуфт, дар сурати ироа шудани дархости расмӣ, мақомоти марбута дар ин самт ҳамкориро ба роҳ мемонанд.

Зимнан, вазир илова кард, ки ин амали мудҳиш ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ягон таъсир намерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва дигар  пайвандҳои ногусастанӣ миёни мардумони Тоҷикистон ва Эрон хеле бештар аз он аст, ки кадом як омили ҷиноятиву террористӣ тавони таъсир ба онҳоро дошта бошад.

“Баръакс, дӯстиву ҳамгироӣ ва муборизаҳои муштараки моро бо терроризм ва дигар таҳдидҳои муосир собит месозад”, – афзуд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми август дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғи Эрон 4 нафар кушта, 8 тани дигар захмӣ шуданд.

Хабаргузории эронии “Тасним” менависад, ки нерӯҳои истихбороти Эрон то кунун 10 нафарро дар иртибот бо ҳамлаи маргбори ин макони мазҳабии Шероз боздошт кардаанд.

“Ҳамаи гумонбарони боздоштшуда шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Яке аз он дастгиршудагон шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ҳангоми бозпурсии аввал бо номи Раҳматуллоҳ Наврӯзов муаррифӣ шуд”, – гуфтааст як масъули истихбороти Эрон.

Моҳи октябри соли гузашта низ ба мақбараи Шоҳчароғ ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар натиҷа 13 нафар ҳалок ва 40 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд. Он замон ҳам мақомоти Эрон гуфта буданд, ки яке аз ҳамлагарон шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Комрон Субҳонӣ аст ва акси шиносномаи хориҷии ӯро нашр карда буданд, ки аз ҷониби ШКД шаҳри Ҳисор дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.