Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, аксбардори собиқи президенти Тоҷикистон даргузашт

Date:

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, аккоси моҳир ва суратгири собиқи раисҷумҳури Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону ҳамкорони марҳум хабар доданд.

Ӯ солҳои охир дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” фаъолият мекард.

Муҳиддинҷонов соли 1950 дар Фархор, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1977 Донишгоҳи давлатии шаҳри Саратови Федератсияи Русияро бо ихтисоси филолог-муаллими забони русӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро ба ҳайси шогирди рассоми комбинати хизмати маишии ноҳияи Фархор ва баъдан мухбир-суратгири рӯзномаи “Гулистон”-и ноҳияи Фархор оғоз намуда, то аксбардори раисҷумҳури Тоҷикистон расидааст.

Ӯ як муддат мураббии хобгоҳи Техникуми геологии Тоҷикистон, мудири шуъбаи сурат-ахбори “ТоҷикТА”, сармуҳаррири редаксияи “Фотохроника”-и “ТоҷикТА”, мухбир-суратгири рӯзномаи “Тоҷикистон” низ кор кардааст.

Солҳои охир ҳамчун мухбир-суратгири Маркази иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, ки дертар ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ивази ном кард, фаъолият намудааст.

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов солҳои зиёд ҳамчун суратгири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати шоиста намудааст.

Хизматҳои ӯ бо медали “Хизмати шоиста” ва “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудаанд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...