Аз сел зарардидагони ноҳияи Роштқалъа соҳиби хонаҳои нав шуданд

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон калиди хонаҳои навбунёд дар ноҳияи Роштқалъаро, ки моҳи июн бар асари омадани сел хароб гардида буданд, ба соҳибонашон тақдим кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур калиди 10 хонаи навро дирӯз, 16-уми август, дар ҷараёни сафари кориаш дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соҳибонашон супорида, ҳамзамон аз шароити  маишии ҳуҷраҳо дидан кардааст.

Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ дохили онҳо оро ёфтааст. Тамоми шароити зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст. Оилаҳо бо тамоми ҷиҳоз, аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин ва дигар ашёи рӯзгор таъмин гардиданд”, – менависад Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Тавре манбаъ гуфтааст, барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида беш аз 1 гектар замин ҷудо шуда, он дар муддати як моҳ пурра бунёд гардида ва ба истифода дода шудааст.

Гуфта мешавад, хати алоҳидаи барқ, оби нӯшокӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард, аз ҷумлаи дигар корҳое ба шумор мераванд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба анҷом расидааст.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз 27 июни соли равон ба муддати чанд рӯз пайи ҳам фаромадани сел дар деҳаи Меденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд.

Тақдири панҷ хонаи дигар маълум нест, ки сохта мешаванд ва ё қисман хароб гардида, ки барқарор кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки дар назди хонаҳои истиқоматии навбунёд барои истироҳату фароғати сокинони деҳаи Анҷин майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон сохта шудааст.

Дарозии майдончаи варзишӣ 30 ва паҳноиаш 20 метр буда, барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бисёр мувофиқ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...