Аз сел зарардидагони ноҳияи Роштқалъа соҳиби хонаҳои нав шуданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон калиди хонаҳои навбунёд дар ноҳияи Роштқалъаро, ки моҳи июн бар асари омадани сел хароб гардида буданд, ба соҳибонашон тақдим кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур калиди 10 хонаи навро дирӯз, 16-уми август, дар ҷараёни сафари кориаш дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон калиди хонаҳои навбунёд дар ноҳияи Роштқалъаро, ки моҳи июн бар асари омадани сел хароб гардида буданд, ба соҳибонашон тақдим кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур калиди 10 хонаи навро дирӯз, 16-уми август, дар ҷараёни сафари кориаш дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соҳибонашон супорида, ҳамзамон аз шароити  маишии ҳуҷраҳо дидан кардааст.

Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ дохили онҳо оро ёфтааст. Тамоми шароити зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст. Оилаҳо бо тамоми ҷиҳоз, аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин ва дигар ашёи рӯзгор таъмин гардиданд”, – менависад Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Тавре манбаъ гуфтааст, барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида беш аз 1 гектар замин ҷудо шуда, он дар муддати як моҳ пурра бунёд гардида ва ба истифода дода шудааст.

Гуфта мешавад, хати алоҳидаи барқ, оби нӯшокӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард, аз ҷумлаи дигар корҳое ба шумор мераванд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба анҷом расидааст.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз 27 июни соли равон ба муддати чанд рӯз пайи ҳам фаромадани сел дар деҳаи Меденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд.

Тақдири панҷ хонаи дигар маълум нест, ки сохта мешаванд ва ё қисман хароб гардида, ки барқарор кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки дар назди хонаҳои истиқоматии навбунёд барои истироҳату фароғати сокинони деҳаи Анҷин майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон сохта шудааст.

Дарозии майдончаи варзишӣ 30 ва паҳноиаш 20 метр буда, барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бисёр мувофиқ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.