Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Чин рафт

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар ин сафар ӯро кормандони ҳукумат, вакилони парлумон, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳаи тиҷорат ҳамроҳӣ мекунанд. Гуфта мешавад, сафари мазкур бо даъвати ҷониби Чин сурат гирифта, то рӯзи […]

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар ин сафар ӯро кормандони ҳукумат, вакилони парлумон, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳаи тиҷорат ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, сафари мазкур бо даъвати ҷониби Чин сурат гирифта, то рӯзи 23 август идома меёбад.

Имрӯз, 21 август Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони қаҳрамонони кишвари Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузошт.

Сипас ӯ бо ҳайати ҳамроҳаш аз Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин боздид кард.

Осорхонаи мазкур аз соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, дар он беш аз 2500 аксҳо, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Аз дигар ҷузъиёти барномаи сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки Чин яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон буда, ба соҳаҳои гуногуни кишвар – аз энергетика то истихроҷи канданиҳои фоиданок ва сохтмони роҳҳо сармоягузорӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.