Фарҳод Раҳимӣ: Китоби Садриддин Айнӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод мешавад

Date:

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар як нишаст дар Душанбе пешниҳод кард, ки 100-солагии китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ дар ЮНЕСКО таҷлил карда шавад.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад.

“Ин китоби устод Айнӣ соли 1926 таълиф шудааст ва мо пешниҳод мекунем,  то соли 2026-ум он ба Феҳристи ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шавад”, – гуфт президенти АМИТ.

Ӯ дар идома таъкид кард, ки “китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” шиносномаи миллати тоҷик аст ва ҷашни 100-солагии он барои миллату давлати мо ифтихоровар мебошад”.

“Он замон дар Осиёи Миёна як гурӯҳе пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти тоҷиконро инкор мекарданд. Ин китоби устод Айнӣ тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва заминаи бунёди давлати тоҷикон гардид”, – афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ соли 1926 рӯи чоп омада, дар он дар бораи беш аз 300 шоири тоҷик сухан гуфта шудааст.

Ҳамаи он шоирон бо тахаллусҳои Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва дигар манотиқи муқимии тоҷикон шеър эҷод мекарданд ва ҳазорсолаҳо қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...