Фарҳод Раҳимӣ: Китоби Садриддин Айнӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод мешавад

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар як нишаст дар Душанбе пешниҳод кард, ки 100-солагии китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ дар ЮНЕСКО таҷлил карда шавад. Фарҳод Раҳимӣ гуфт, тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад. “Ин китоби устод […]

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар як нишаст дар Душанбе пешниҳод кард, ки 100-солагии китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ дар ЮНЕСКО таҷлил карда шавад.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад.

“Ин китоби устод Айнӣ соли 1926 таълиф шудааст ва мо пешниҳод мекунем,  то соли 2026-ум он ба Феҳристи ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шавад”, – гуфт президенти АМИТ.

Ӯ дар идома таъкид кард, ки “китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” шиносномаи миллати тоҷик аст ва ҷашни 100-солагии он барои миллату давлати мо ифтихоровар мебошад”.

“Он замон дар Осиёи Миёна як гурӯҳе пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти тоҷиконро инкор мекарданд. Ин китоби устод Айнӣ тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва заминаи бунёди давлати тоҷикон гардид”, – афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ соли 1926 рӯи чоп омада, дар он дар бораи беш аз 300 шоири тоҷик сухан гуфта шудааст.

Ҳамаи он шоирон бо тахаллусҳои Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва дигар манотиқи муқимии тоҷикон шеър эҷод мекарданд ва ҳазорсолаҳо қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.