Душанбе меҳмони се ҳамоиши байналмилаӣ мешавад

Дар Душанбе аз 3-юм то 14-уми октябр бо ҳузури 250 олим аз саросари ҷаҳон се ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар як нишаст дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин се ҳамоиши байналмилалӣ – 1 ҳазору 50-солагии Абӯрайҳони Берунӣ, 2 ҳазору 500-солагии Тахти […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе аз 3-юм то 14-уми октябр бо ҳузури 250 олим аз саросари ҷаҳон се ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар як нишаст дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин се ҳамоиши байналмилалӣ – 1 ҳазору 50-солагии Абӯрайҳони Берунӣ, 2 ҳазору 500-солагии Тахти сангин ва “Ҷуғрофиёи “Шоҳнома”” мебошанд.

“То ба имрӯз барои иштирок дар ин се чорабинӣ аз саросари ҷаҳон 250 нафар олимону коршиносон номнавис шудаанд. Тайёрии мо ҳам дар ин робита ҷиддӣ аст ва боварии комил дорем, ки он дар сатҳи баланд баргузор мешавад”, – гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Бояд гуфт, ки дар пояи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар Душанбе борҳо ҳамоишҳои байналмилалӣ баргузор гардидааст.

Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ соли 973 дар Коси Хоразм дар зода шуда, яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс маҳсуб мешавад.

Ёдгории Тахти сангин бозмондаи шаҳре дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.

Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва соли 2015 ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.

Ба гуфтаи бостоншиносон, ин шаҳрак дар асри IV пеш аз милод сохта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.