Дар Душанбе сафорати давлати Фаластин боз мешавад

Имрӯз, 29-уми август, дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии сафорати Фаластин дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, бинои Сафорати Фаластин дар кӯчаи Л.Толстой, 2 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷойгир аст ва он расман соати 17:00-и имрӯз боз мешавад. Қаблан вазифаи сафири Фаластин дар Тоҷикистон ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 29-уми август, дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии сафорати Фаластин дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, бинои Сафорати Фаластин дар кӯчаи Л.Толстой, 2 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷойгир аст ва он расман соати 17:00-и имрӯз боз мешавад.

Қаблан вазифаи сафири Фаластин дар Тоҷикистон ба дӯши намояндагии дипломатии ин кишвар дар Тошканд вогузор шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар имрӯз бо Риёз Ал-Малик, вазири умури хориҷии Фаластин, ки бо як сафар дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.

Сарвари давлат дар мулоқот аҳамияти ин иқдомро дар ҳамкориҳои ду кишвар зикр кард.

Инчунин, ҷонибҳо ба рушди равобити дуҷониба, таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 6 марти соли 1992 барқарор шуда, дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо лоиҳаи 7 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио