Мактаби синамогарони “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ гузошта шуд

Мактаби синамогарони ҷавон-“Навомӯз”-и “Тоҷикфилм” ба номи Муҳаббат Сатторӣ, коргардони шинохтаи тоҷик гузошта шуд. Ӯ ҳафтаи гузашта бар асари беморӣ даргузашт. Дар ин бора Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бо мақсади абадӣ гардонидани ном ва пос доштани хотираи Муҳаббат Сатторӣ, ки дар замони истиқлол яке аз бонувони серғайрат ва пуртаҷрибаи соҳаи кинои тоҷик […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Мактаби синамогарони ҷавон-“Навомӯз”-и “Тоҷикфилм” ба номи Муҳаббат Сатторӣ, коргардони шинохтаи тоҷик гузошта шуд. Ӯ ҳафтаи гузашта бар асари беморӣ даргузашт. Дар ин бора Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бо мақсади абадӣ гардонидани ном ва пос доштани хотираи Муҳаббат Сатторӣ, ки дар замони истиқлол яке аз бонувони серғайрат ва пуртаҷрибаи соҳаи кинои тоҷик махсуб меёфт, рӯи даст гирифта шуд.

“Солиёни зиёде дар соҳаҳои театр, телевизион ва кинои тоҷик фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ин соҳаҳо саҳми арзандае гузоштааст”, – гуфтааст “Тоҷикфилм”.

Муҳаббат Сатторӣ яке аз камтарин коргардонҳои синамо ва телевизони тоҷик буд. Ӯ ҳам дар телевизион ва ҳам дар театру синамо кор кардааст.

Ӯ то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт дар соҳаи кинои тоҷик фаъолият карда, филмҳои ҳунарии “Пайванди шикаста”, “Падруду пайғом”, “Афсонаи хоб”, “Зарандуд”, “Як ҷаҳон аз ману ту”, “Маро бубахш”, “Рақси зиндагӣ” ва бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик филми мустанади “90-соли кинои тоҷик”-ро пешкаши тамошобинону алоқамандони синамои миллӣ намудааст.

Муҳаббат Сатторӣ субҳи 24-уми август дар синни 56-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид ва дар пойтахт ба хок супорида шуд.

Ӯ Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии кинематографияи тоҷик, Аълочии фарҳанг, Аълочии телевизион ва радио буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.