“Тарғибгари фарҳанги миллӣ буд”. Даргузашти коргардони тоҷик Муҳаббат Сатторӣ

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 24-уми август, Муҳаббат Сатторӣ, коргардони муваффақи тоҷик дар синни 56-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳамкоронаш мегӯянд, ки марҳум аз камтарин коргардонҳои зани муваффақ дар синамои тоҷик буд.

Муҳаббат Сатторӣ 1-уми январи соли 1967 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада ва дар зиндагӣ роҳи санъатро пеш гирифт: Аз фаъолияти ҳунарпешагӣ оғоз карда, баъдан ба коргардонӣ пардохт.

Абдулҳай Зокиров, коргардони тоҷик ва яке аз ҳамкорони Муҳаббат Сатторӣ имрӯз дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки марҳум бо вуҷуди зан буданаш, ҳамеша ба амалҳои коргардонии душвор даст мезад ва бештар филмҳое рӯи навор меовард, ки тарғибгари фарҳангу тамаддуни тоҷик буд.

Ба қавли ӯ, дар таърихи синамои тоҷик хеле кам коргардонҳои зани муваффақ буданд, вале Муҳаббат Сатторӣ тавонист, ки чаҳорчӯбаи суннатии моро шиканад ва чун коргардонзани муваффақ шинохта шавад.

“Дар миёни коргардонҳои тоҷик мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки дар филмҳояшон намехоҳанд ҳунармандон куртаи тоҷикӣ пӯшанд, фарҳанги миллиро тарғиб кунанд. Аммо Муҳаббат Сатторӣ ҳувияти миллии баланд дошт ва ҳамеша дар филмҳояш фарҳанги миллии тоҷиконро тарғиб мекард”, – гуфт Зокиров.

Ин коргардон афзуд, филмҳое, ки Муҳаббат Сатторӣ ба навор бардоштааст, дар замони истиқлоли Тоҷикистон синамои миллиро пурра ва ғанӣ кард.

Ҳамчунин, ин ҳамкораш дар бораи фаъолияти ҳунармандии Муҳаббат Сатторӣ гуфт, ӯ дар намоишномаи “Шапарак хоб дид” таҳти коргардонии Барзу Абдураззоқов нақши асосиро бозида, нишон дод, ки ҳамчун ҳунарвар ҳам комёб ва муваффақ аст.

“Пас аз ин намоишнома ҳама коргардонҳо мехостанд, ки дар намоишҳояшон Муҳаббат Сатторӣ ҷалб карда шавад. Намедонам чаро, вале апаи Муҳаббат баъди он ба кори коргардонӣ пардохт ва муваффақ ҳам шуд. Муҳаббат Сатторӣ шоҳбонуи синамои тоҷик буд”, – илова кард Абдулҳай Зокиров.

Муҳаббат Сатторӣ директори Ширкати филмбардории “Суҳайл-Синамо” буд ва чанд соли охир ҳамчун коргардон дар МД “Тоҷикфилм” фаъолият мекард.

Ӯ коргардон-таҳиягари филмҳои “Пайванди шикаста” (соли 2007), “Падруду пайғом” (соли 2008), “Афсонаи хоб” (соли 2009), “Заррандуд” (солҳои 2010-2011), “Як ҷаҳон аз ману ту”(солҳои 2013-2014), “Маро бубахш” (соли 2016), “Бархез модар”(продюсер, соли 2017), “Кохи нур” (соли 2019), “90-соли кинои тоҷик”, “Рақси зиндагӣ” (соли 2019) буд.

Тавлиди  филми “Заррандуд” ба Сатторӣ шӯҳрати зиёде овард.

Ба қавли ҳамкоронаш, Муҳаббат Сатторӣ ҳоло дар таҳияи филми навбатӣ бо номи “Ситораи ноаён” дар ҳамкории муштарак миёни филмофарони тоҷику ӯзбек машғул буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Муҳаббат Сатторӣ дорандаи нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии кинематографияи Тоҷикистон ва  Корманди шоистаи Тоҷикистон буд.

Марҳумро зуҳри имрӯз, 24-уми август, дар яке аз қабристонҳои шаҳри Душанбе ба хок месупоранд.

Аҳли эҷоди Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” аз даргузашти бармаҳали коргардони шинохтаи тоҷик Муҳаббат Сатторӣ андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...