Дар Тоҷикистон аз чор як ҳиссаи неруи барқ талаф меёбад

Сарфи назар аз хароҷоти бисёрмиллиона барои баргузории чорабииҳои гуногун, сатҳи талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти ширкатҳои электроэнергетикии кишвар, ҳаҷми умумии талафот (дар вақти истеҳсол, интиқол ва тақсимоти он) дар нимсолаи аввали соли равон каме бештар аз 2 млрд 415 млн киловатт-соатро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли 2022 […]

Сарфи назар аз хароҷоти бисёрмиллиона барои баргузории чорабииҳои гуногун, сатҳи талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти ширкатҳои электроэнергетикии кишвар, ҳаҷми умумии талафот (дар вақти истеҳсол, интиқол ва тақсимоти он) дар нимсолаи аввали соли равон каме бештар аз 2 млрд 415 млн киловатт-соатро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли 2022 низ ҳаҷми талафот ҳамин миқдорро ташкил дода буд – 2 млрд 417 млн кВт/соат.

Аз ҷумла талафоти барқ дар Неругоҳҳои барқи обӣ (НБО) ва Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ) ҳудуди 39 млн кВт/соат ё худ 0,49% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил додаанд. Дар ҳамин давраи соли 2022 низ талафот дар ҳамин сатҳ – 37 млн кВт/соат ё худ 0,48% қарор дошт.

Ба иттилои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, талафот дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо дар нимсолаи аввал 376 млн кВт/соат (3,47%)-ро ташкил додаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 380 млн кВт/соат (3,37%) баробар буд.

Дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” зикр мекунанд, ки талафот дар вақти тақсимоти барқ беш аз 2 млрд 067 млн кВт/соат (22,6%)-ро ташкил дода, дар ҳамин давраи соли 2022 ин нишондиҳанда ба 2 млрд кВт/соат (23%) баробар буд.

Қисми зиёди ҳаҷми барқ ба мисли солҳои пешин дар вақти тақсимоти он миёни истеъмолгарони ниҳоӣ тлаф меёбад ва ба талафоти тиҷоратӣ (дуздӣ) мансуб аст.

Гуфтаҳои президент

Дар ширкати тақсимоти барқ мегӯянд, барои коҳиши сатҳи талафот чорабиниҳои сершумор, аз ҷумла таҷдиди иншооти зерсохтор гузаронида мешаванд. Дар тавозуни ин ширкат зеристоҳҳои трансформатор, трансформаторҳои шиддатнок, хатҳои пастшиддат, ҳисобкунакҳои барқӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои тақсимоти барқ қарор доранд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ рӯзи 23 декабри соли гузашта изҳор дошт, ки аз панҷ як ҳиссаи барқи истеҳсолшуда дар кишвар талаф ёфта, талафоти техникии он ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ мерасонад.

Президент таъкид дошт, ки барои таъмиру навсозии шабакаҳои барқи кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 10,7 млрд сомонӣ масраф шудааст. Аммо талафоти барқ, ба гуфтаи ӯ, “то ҳол боиси нигаронӣ аст”.

Вазорати энергетика ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” уҳдадор шуданд, ки амалисозии лоиҳаҳо оид ба коҳиши талафоти барқро, ки маблағи умумиашон 2,4 млрд сомониро ташкил медиҳад, саривақт ва дар сатҳи сифатан баланд таъмин мекунанд.

Дар ин лоиҳаҳо пайваст кардани зиёда аз 800 ҳазор ҳисобкунакҳои барқ дар шаҳру ноҳияҳои ҷудогона пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин Вазорати энергетика уҳдадор шуд, ки дар ҳамдастӣ бо ширкату корхонаҳои соҳа ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи марказонидашудаи биллингӣ тадбирҳои таъхирнопазир рӯйи даст мегирад.

Ба ақидаи президент, бо насби ҳисобкунакҳои ҳушманд то соли 2025 талафоти барқро метавон то 9% кам кард.

Як сол пеш президент дар паёми худ изҳор дошта буд, ки барои таъмини пурра ва солонаи ҳамаи истеъмолгарони дохилӣ иқтидорҳо кофӣ мебошанд, лекин талафот хеле зиёд буда аллакай ба 16% аз ҳаҷми умумии истеҳсол расидаанд.

“Чӣ корҳое, ки намешаванд”, – гуфта буд он замон президент бо ишора ба хусусияти тиҷоратии талафот.

Ӯ зикр кард, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдор аз рӯи масъалаи зикршуда санҷишҳо гузаронида мешаванд.

Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 10 млрд 653,3 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 341,2 млн кВт/соат зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.