Вазорати мудофиаи Русия ба қайди ҳарбӣ гузоштани маҳбусонро пешниҳод кард

Вазорати мудофиаи Русия пешниҳод намудааст, ки маҳбусон низ ба қайди ҳарбӣ монда шаванд. Лоиҳаи тағйирот дар муқаррароти бақайдгирӣ дар портали расмии санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст, менависад Радио Свобода. Мувофиқи он, шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, бояд бо тартиби махсус – бевосита дар зиндон ё муассисаи ислоҳӣ бидуни ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ ба […]

Asia-Plus

Вазорати мудофиаи Русия пешниҳод намудааст, ки маҳбусон низ ба қайди ҳарбӣ монда шаванд. Лоиҳаи тағйирот дар муқаррароти бақайдгирӣ дар портали расмии санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст, менависад Радио Свобода.

Мувофиқи он, шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, бояд бо тартиби махсус – бевосита дар зиндон ё муассисаи ислоҳӣ бидуни ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ ба қайди ҳарбӣ гирифта шаванд.

“Қайди махсуси ҳарбӣ аз ҷониби муассисаҳои ислоҳии ниоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ дар маҳалли ҷойгиршавии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ анҷом дода мешавад», – ишора шудааст дар лоиҳа.

Рӯйхати уҳдадоронро худи зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ тартиб дода, дар сурати интиқол ё озод шудани маҳкумшуда онро тағйир медиҳанд ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ месупоранд.

Ҳозир дар муқаррароти қайди ҳарбӣ гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, дар қайди ҳарбӣ қарор надоранд. Вазорати мудофиаи пешниҳод дорад, ки маҳз ҳамин банд бекор карда шавад.

Моҳи июн Думаи давлатӣ ду лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки даъвати зиндониёнро ба хидмати ҳарбӣ танзим ва ҳарбиёни ҷангандаи Русияро, ки ҷиноятҳои сабук ва миёна содир кардаанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.