Ба зиёда аз 500 хонаводаи аз офати табиӣ осебдида дар Тоҷикистон кумак расонида шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо дастуру супоришҳои сарвари давлат ва бо дастгирии созмонҳои байнулмилалӣ ба ҳудуди 500 хонаводаи аз офати табиӣ осебдида дар охири моҳи август кумак расонид. Бино ба иттилои Кумита, рӯзи 5 сентябр бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ/Бюрои кӯмаки башардӯстонаи USAID […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо дастуру супоришҳои сарвари давлат ва бо дастгирии созмонҳои байнулмилалӣ ба ҳудуди 500 хонаводаи аз офати табиӣ осебдида дар охири моҳи август кумак расонид.

Бино ба иттилои Кумита, рӯзи 5 сентябр бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ/Бюрои кӯмаки башардӯстонаи USAID ба 400 хонаводаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Варзоб ва 63 хонавода дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ҳисор кумак расонида шуд.

Гуфта мешавад, рӯзи 6 сентябр кумакҳо ба 68 хонаводаи осебдида дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дода шуд.

Ба иттилои Кумита, кумакҳо аз  маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи ниёзи аввалия, кӯрпаву матрас,  бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об иборатанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки ҷараёни он таҳти назорати Кумита қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта Кумита дар ҳамдастӣ бо шарикони байнулмилалӣ ва супориши президент ба 446 хонаводаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат ва 90 хонаводаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сели рӯзҳои 27-28 август осеб диданд, кумак кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.