Шаҳрдории Душанбе тахриби хонаи Мирзо Турсунзодаро рад кард

Date:

Шаҳрдории Душанбе тахриби хонае, ки Мирзо Турсунзода, шоири маҳбубуи кишвар ва Қаҳрамони Тоҷикистон зистааст, рад кард ва гуфт, “бораи бартараф намудани он аз ҷониби мақомот ягон тасмим гирифта нашудааст”.

Ин ниҳод бо нашри як иттилоия хабар дод, ки “паҳн гардидани хабарҳо оиди бартараф намудани хонае, ки дар он Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода мезист, асоси воқеӣ надорад”.

Дирӯз, 11-уми сентябр, Радиои Озодӣ хабар дод, ки хонаеро, ки дар он Мирзо Турсунзода зистааст, вайрон мекунанд.

Ин манзили нахустини шоир дар Душанбе аст, ки дар паси чойхонаи “Роҳат” воқеъ буда, дар он ҷо шоир достони машҳури “Қиссаҳои Ҳиндустон”-ро офаридааст.

Қаблан, тахриби хонамузейи Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар хиёбони Ҳамза Ҳакимзодаи шаҳри Душанбе баҳсеро ба миён оварда буд.

Аксари зиёиён мегуфтанд, тахриби он нодуруст аст ва бояд онро ҳамчун мероси таърихӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошт.

Ҳамин тариқ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе пас аз номаи донишмандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дастур дод, ки ин бино тахриб нашавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...