Шаҳрдории Душанбе тахриби хонаи Мирзо Турсунзодаро рад кард

Шаҳрдории Душанбе тахриби хонае, ки Мирзо Турсунзода, шоири маҳбубуи кишвар ва Қаҳрамони Тоҷикистон зистааст, рад кард ва гуфт, “бораи бартараф намудани он аз ҷониби мақомот ягон тасмим гирифта нашудааст”. Ин ниҳод бо нашри як иттилоия хабар дод, ки “паҳн гардидани хабарҳо оиди бартараф намудани хонае, ки дар он Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода мезист, асоси […]

Шаҳрдории Душанбе тахриби хонае, ки Мирзо Турсунзода, шоири маҳбубуи кишвар ва Қаҳрамони Тоҷикистон зистааст, рад кард ва гуфт, “бораи бартараф намудани он аз ҷониби мақомот ягон тасмим гирифта нашудааст”.

Ин ниҳод бо нашри як иттилоия хабар дод, ки “паҳн гардидани хабарҳо оиди бартараф намудани хонае, ки дар он Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода мезист, асоси воқеӣ надорад”.

Дирӯз, 11-уми сентябр, Радиои Озодӣ хабар дод, ки хонаеро, ки дар он Мирзо Турсунзода зистааст, вайрон мекунанд.

Ин манзили нахустини шоир дар Душанбе аст, ки дар паси чойхонаи “Роҳат” воқеъ буда, дар он ҷо шоир достони машҳури “Қиссаҳои Ҳиндустон”-ро офаридааст.

Қаблан, тахриби хонамузейи Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар хиёбони Ҳамза Ҳакимзодаи шаҳри Душанбе баҳсеро ба миён оварда буд.

Аксари зиёиён мегуфтанд, тахриби он нодуруст аст ва бояд онро ҳамчун мероси таърихӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошт.

Ҳамин тариқ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе пас аз номаи донишмандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дастур дод, ки ин бино тахриб нашавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.