Хона-музейи Айнӣ вайрон карда намешавад. Тасмими нави ҳукумат

Хона-музей ё хонаи адабии Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар хиёбони Ҳамза Ҳакимзодаи Душанбе вайрон ва кӯчонда намешавад. Ҳафтаи гузашта хабари тахриби ин бино аз сӯйи ҳукумати шаҳри Душанбе дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадиди қишрҳои гуногунро ба дунбол дошт. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон пас аз номаи […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Хона-музей ё хонаи адабии Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар хиёбони Ҳамза Ҳакимзодаи Душанбе вайрон ва кӯчонда намешавад. Ҳафтаи гузашта хабари тахриби ин бино аз сӯйи ҳукумати шаҳри Душанбе дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадиди қишрҳои гуногунро ба дунбол дошт.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон пас аз номаи донишмандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дастур додааст, ки ин бино тахриб нашавад. Хабари ин дастурро шаҳрдории Душанбе дар саҳфаи фейсбукияш ҳам нашр кардааст.

Ҷамшед Олимов, сухангӯйи ҳукумати Душанбе ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳо ва қаҳрамони Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ намуда, дастур доданд, ки Хона-музей бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад".

– Ҳамчунин шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлими миллӣ ба сохторҳои дахлдор супориш додаанд, ки гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шавад,-гуфт Олимов.

Ҳафтаи гузашта, хабари тахриби хона-музей Садриддин Айнӣ баъди он расонаӣ шуд, ки шаҳрдории Душанбе дар як нома бо имзои муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хоста  буд, ки ин ниҳод ба тахриби ин бино мувофиқат кунад.

“Дар мактуб гуфта мешуд, ки осорхона ба нақшаи нави генералии шаҳр мувофиқ набуда, симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад”, – хабар дода буд як манбаъ ба "Азия-Плюс".

Пас аз нашри ин хабар, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои гуногуне ба ин иқдоми шаҳрдории Душанбе сурат гирифт. Аз ҷумла чандин ниҳодҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо, Иттиҳодияи нависандагон ба раҳбарии олии Тоҷикистон нома навишта, хостори он шуданд, ки ин бино ҳадди аққал тахриб нашавад, вале агар чораи дигар набошад, бояд он дар маҳалли мувофиқи дигаре бунёд шавад.

Ҳамчунин намояндагони зиёди қишрҳои гуногуни ҷомеа, рӯшанфикрон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдомро танқиди шадид карданд ва хостанд шаҳрдории Душанбе аз ин тасмими худ даст кашад. 

Хона-музейи Садриддин Айнӣ соли 1978 ба ифтихори 100-солагии адиб таъсис дода шуд. Ӯ бештари умри худро дар Самарқанд гузаронида, дар шаҳри Душанбе аз соли 1951 то 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш боз чандин сол дар ин хона иқомат доштанд.

Айни замон хона-музей муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, дар тавозуни Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2018 ба ифтихори 140-солагии адиб бо дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хона-музей мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифта, дар вазъияти тантанавӣ боз шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.