“Бо марди бегона суҳбат кард”. 17 соли зиндон барои куштори ҳамсар

Додгоҳи вилояти Суғд Шоҳҷаҳон  Фаттоеви 28-сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои куштори ҳамсараш гунаҳқор дониста, тибқи  моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Шоҳҷаҳон  Фаттоев ва ҳамсараш Дадабоева Г. чор сол пеш, яъне соли 2019 никоҳ баста, зиндагии якҷоя доштаанд. […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Суғд Шоҳҷаҳон  Фаттоеви 28-сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои куштори ҳамсараш гунаҳқор дониста, тибқи  моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Шоҳҷаҳон  Фаттоев ва ҳамсараш Дадабоева Г. чор сол пеш, яъне соли 2019 никоҳ баста, зиндагии якҷоя доштаанд. Баҳори соли ҷорӣ Дадабоева Г. ними шаб бо марди ношиносе телефонӣ суҳбат мекунад ва аз ин шавҳараш Шоҳҷаҳон  Фаттоев хабар ёфта, ӯро ба хонаи волидонаш мебарад ва ҳадафи ҷудо шуданашро баён мекунад.

Пас паз як моҳ, миёни Шоҳҷаҳон  Фаттоев ва ҳамсараш Дадабоева Г., ки аллакай ҷудо аз ҳам мезистанд, муноқиша сар мезанад. Дар натиҷа, Фаттоев бо корди хоҷагӣ чанд марротиба ба тани ҳамсараш мезанад ва ӯро мекушад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин аввалин ҳолати куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар набуда, қаблан низ чандин дар ин бора хабарҳо расонаӣ мешуданд. Масалан, моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи вилояти Суғд Ҳайдар Ҳайдаров, як сокини ҷамоати деҳоти Саразми  шаҳри Панҷакентро бо иттиҳоми куштори ҳамсараш гунаҳкор дониста, барои 23 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ваё моҳи январ, як сокини шаҳри Исфара ҳам ҳамсари худро барои бо телефони мобилӣ суҳбат кардан, ба қатл расонида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио