Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон боздошти писари ректорро тасдиқ карданд

Аз маркази матбуоти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) иштироки писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори ин донишгоҳ дар садамаи нақлиётиеро, ки бар асари он овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов ҷон бохт, тасдиқ карданд, аммо таъкид намуданд, ки худи ректор дар ҷойи кор буда, хабари барканории ӯ дурӯғ аст. “Дуруст аст, ки писари ректор садама карда, боздошт шудааст”, […]

Asia-Plus

Аз маркази матбуоти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) иштироки писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори ин донишгоҳ дар садамаи нақлиётиеро, ки бар асари он овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов ҷон бохт, тасдиқ карданд, аммо таъкид намуданд, ки худи ректор дар ҷойи кор буда, хабари барканории ӯ дурӯғ аст.

“Дуруст аст, ки писари ректор садама карда, боздошт шудааст”, – гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз кормандони маркази матбуоти ДСРТ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ овозаҳоро дар бораи барканории ректори ДСРТ рад карда, гуфт, ки “Файзулло Машраб Қурбоналӣ ҳар рӯз ба кор меояд ва хабарҳо дар бораи истеъфои ӯ асос надоранд”.

Аммо чанд рӯз аст, ки на ректори ин донишгоҳ ва на котибааш ба зангҳои хабарнигорон посух намедиҳанд.

Бояд гуфт, дар пайи садамае, ки сарояндаи 27-солаи тоҷик Некрӯз Ниёзов ба ҳалокат расид, ду иштирокчии ин ҳодиса боздошт шуданд.

Яке аз онҳо писари 18-солаи ректори ДДТТ Файзулло Комёб Машраб ва дигаре Аҳтамзода Оятулло Хушбахти 19-сола мебошанд. Ҳарду донишҷӯи факултаи иқтисоди ин донишгоҳ ҳастанд.

Тибқи маълумоти пешакии Раёсати корҳои дохилии пойтахт, мошини писари ректор баъди бархӯрд бо мошини дигар овозхонро пахш кардааст.

Ҳодиса рӯзи 21-уми сентябр тахминан соати 22:30 дар кӯчаи ба номи А.Дониш, назди тарабхонаи “Боми ҷаҳон”, рух додааст. Некрӯз Ниёзов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар натиҷа субҳи 22-юми сентябр дар беморхонаи “Шифобахш” ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи наздикони сароянда, ба ӯ як ронандаи таксӣ, ки шоҳиди садама будааст, кумак кардааст: ӯро ба бемористон бурд, аммо ҷони Некрӯзро наҷот дода натавонистанд. Ду иштирокчии садама аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.

Некрӯз Ниёзов рӯзи 21-уми октябр ба синни 28 қадам мениҳод, аммо як моҳ пеш аз солгарди умраш варо дар зодгоҳаш – деҳаи Возми ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба хок супурданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио