Маркази миллии тестӣ бори чорум ба довталабон имконияти донишҷӯшавиро дод

Date:

Марказӣ миллии тестӣ (ММТ) барои довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо комёб гардиданд, лекин дар муҳлати муқарраршуда дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир шуда натавонистанд, боз як имконияти дигар дод. Дар ин бора сомонаи ММТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, марказ бори чорум бақайдгирии довталабонро аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондааст, ба роҳ мемонад.

Бақайдгирии довталабони мазкур аз 4-ум то 7-уми октябр дар дафтари асосии ММТ ва бахшҳои минтақавии он, дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ба роҳ монда шудааст.

Довталабоне, ки як бор комёб шудаанд, бояд ба ММТ дар ин бора ариза пешниҳод намоянд.

“Иштирок дар тақсимоти навбатӣ супоридани имтиҳонро талаб намекунад, балки он дар асоси балҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи довталабоне, ки дар ин давра аз қайд мегузаранд, ба роҳ монда мешавад”, – таъкид кардааст ММТ.

Манбаъ меафзояд, довталабоне, ки дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд, аз ягон озмуни ММТ комёб нагардидаанд, дар ин давра роҳ дода намешаванд.

“Ҳолати дар муассисаи таълимӣ ҳозир шудан ё нашудани довталаби дар яке аз озмунҳо комёбгардида, ки ба марказ ариза додааст, аз рӯйи варақаи рӯйхати тақсимот, ки ин муассисаҳо бо имзоҳои довталабони дар онҳо ҳозиршуда ба марказ пешниҳод кардаанд, санҷида мешавад”, – омадааст дар хабар.

Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ тибқи иттилои ММТ, дар даври якум нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 53 дарсад иҷро шудааст.

Баъди ин, ММТ моҳи август давраи дуюми қабули довталабон ва дар моҳи сентябр давраи комилан нави қабули довталабонро ба роҳ монд. Дар даври сеюми имтиҳонҳои ММТ беш аз 8,7 ҳазор довталабон номнавис шуданд.

Роҳбарият ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад. Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...