Ҳукумати Тоҷикистон вазъиятро дар бозори кори дохилӣ ислоҳ мекунад

Сарфи назар аз рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон, тайи 10 соли ахир бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ дар сатҳи паст боқӣ мемонад, гуфта мешавад дар Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар ҶТ барои солҳои 2023-2027, ки аз ҷониби ҳукумат 31 августи соли ҷорӣ қабул шудааст. Дар санад зикр мешавад, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар ин давра […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сарфи назар аз рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон, тайи 10 соли ахир бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ дар сатҳи паст боқӣ мемонад, гуфта мешавад дар Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар ҶТ барои солҳои 2023-2027, ки аз ҷониби ҳукумат 31 августи соли ҷорӣ қабул шудааст.

Дар санад зикр мешавад, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар ин давра 7,6 дарсадро ташкил дода, афзоиши шуғлнокӣ ба ҳисоби миёна дар як сол ҳамагӣ 1,2 дарсад ё тақрибан 25-30 ҳазор нафарро ташкил намуд.

Муаллифони барнома таъкид мекунанд, ки шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон давоми даҳ соли охир тамоюли устувори афзоиш дошта, афзоиши миёнаи нишондиҳандаи мазкур 2,2 дарсадро ташкил медиҳад, ки “ба афзоиши назарраси захираҳои меҳнатӣ боис гардид”.

Дар Барнома гуфта мешавад, бо дарназардошти он ки қисми зиёди аҳолӣ дар ноҳияҳо истиқомат мекунанд ва дар ин ҷо имконияти шуғли пурмаҳсул беҳад маҳдуд аст, онҳо бештар аз муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва интиқоли маблағҳо вобаста мебошанд, ки манбаи хеле осебпазир мебошад.

Зикр мегардад, ки бахши кишоварзӣ корфармои бузургтарин боқӣ монда, ба ҳиссаи он беш аз 60%-и шуғл дар кишвар рост меояд.

“Афзоиши оҳистаи шуғл дар бахшҳои ғайрикишоварзӣ сабаби асосии ҳам ҳаракати сусти қувваҳои корӣ аз соҳаи кишоварзӣ ба бахшҳои дигари иқтисодиёт ва ҳам суст афзоиш ёфтани шуғлнокӣ мебошад”, – зикр мешавад дар санад.

Ғайр аз ин, таъкид мешавад, ки танҳо ҳиссаи кам ва коҳишёбандаи афзоиши шуғлнокӣ дар бахши ғайрикишоварзӣ ба шуғли пардохтшаванда рост меояд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки қисми зиёди афзоиши шуғлнокӣ дар бахши ғайрикишоварзӣ мутааллиқ ба шуғли сифатан паст ва ғайрирасмӣ мебошад.

“Воқеан ҳам шуғли ғайрирасмӣ берун аз соҳаи кишоварзӣ дар соҳаҳои дигар низ васеъ паҳншуда боқӣ мемонад”, – гуфта мешавад дар Барнома.

Дар Барнома зикр мегардад, ки сабабҳои норасоии зиёди шуғли пурмаҳсул хусусияти сохторӣ доранд.

“Рушди босуръати иқтисодӣ дар даҳ соли охир иқтисодиёти Тоҷикистонро тағйир дод. Вале тағйироти сохторӣ ҷиҳати гузариш аз модели аграрию саноатӣ ба модели саноатию аграрӣ дар сатҳи зарурӣ набуд. Афзоиши ҳиссаи саноат, ки дар рушди васеъ ва устувори иқтисодиёт нақши ҳалкунанда дорад, на он қадар баланд боқӣ монд”, – чунин мешуморанд таҳиягарони барнома.

Дар санад ба ҳукумат барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, ки ҳалли онҳо ба рушди шуғлнокии пурмаҳсул мусоидат карда метавонад, тавсияҳои сершумор дода шудаанд.

Барнома аз нақшаи миёнамуҳлат барои ислоҳи вазъият дар бозори кори дохилӣ иборат аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, қувваи корӣ дар Тоҷикистон то аввали нимсолаи дуюм 2 млн 652 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 2 млн 602 ҳазор нафари онҳо бо шуғл таъмин буда, ҳудуди 50 ҳазор нафар расмн мақоми бекорӣ доранд.

Тибқи баъзе маълумот, ҳудуди 1,5 млн нафар шаҳрвандони кишвар дар хориҷи кишвар кор меёбанд, асосан дар ҷойҳои маошаш паст дар Русия.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.