Боздошти як сокини Турсунзода бо гумони ҳамла ба собиқ хушдоман

Сокини 27-солаи шаҳри Турсунзода Ғайрат Қузимуродов ба суиқасд ба куштори собиқ хушдоманаш гумонбар дониста мешавад. Ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти ба номи Тӯйчиев рӯзи 20 сентябр рух додааст, гуфта мешавад дар гузориши барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз 4 октябр. Бино ба маълумоти тафтишот, гумонбаршуда шабона ниқоб пӯшида, ба хонаи собиқ хушдоманаш Муҳаббат Эшбӯриева ворид мешавад. […]

Сокини 27-солаи шаҳри Турсунзода Ғайрат Қузимуродов ба суиқасд ба куштори собиқ хушдоманаш гумонбар дониста мешавад. Ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти ба номи Тӯйчиев рӯзи 20 сентябр рух додааст, гуфта мешавад дар гузориши барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз 4 октябр.

Бино ба маълумоти тафтишот, гумонбаршуда шабона ниқоб пӯшида, ба хонаи собиқ хушдоманаш Муҳаббат Эшбӯриева ворид мешавад.

“Дар хонае, ки хушдоманаш бо наберҳояш хобида буд, ӯ ба ҷисми зан бо корд 5 зарба мезанад. Кӯдакон бедор шуда, аз тарс доду фарёд мезананд ва ин мардро водор мекунад, ки ҷойи ҳодисаро тарк кунад”, – баён мешавад дар гузориши телевизионӣ. Ӯ баъдтар дастгир шудааст.

Бар асари ин ҳамла зан ҷароҳатҳои ҷиддии ҷисмонӣ бардошта, дар беморитсон зери муоинаи табибон қарор дорад.

Тибқи маълумоти тафтишот, Ғайрат Қузимуродов қаблан ба духтари зани ҷабрдида издивоҷ карда, лекин бо сабаби фарзанддор нашудан, зану шавҳар аз ҳам ҷудо мешаванд ва аксар вақт байни онҳо ҷанҷолу муноқишаҳо рух медоданд.

Гуфта мешавад, чанде пеш собиқ зани гумонбаршуда ба шавҳар баромада, аз ин Қузимуродов ба қаҳру ғазаб меояд. Ба ақидаи мард, маҳз хушдоманаш сабабгори асосии азҳампошии оила ва шавҳари нав кардани ҳамсараш мебошад.

Дар Прокуратураи шаҳри Турсунзода нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаҳои 147, қисми 2 (Вайрон намудани дахлнопазирии манзил), 32, қисми 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 104, қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол таҳдид мекунад.

Маълумоти омории ВКД Тоҷикистон коҳиши ҷиноятҳои марбут ба одамкушӣ ва суиқасд ба он, инчунин ҳолатҳои расонидани зарари вазни ба саломатиро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин даври соли гузашта нишон медиҳад. Лекин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад – дар зарфи 6 моҳи соли равон 34 ҳодисаи куштани одам ва суиқасд ба он, инчнуин 54 ҳолати расонидаи зарари вазнин ба саломатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.