Дар Тоҷикистон Академияи бонкӣ ташкил мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Академияи бонкӣ таъсис диҳад. Ин  масъаларо муовини раиси ин бонк бо намояндагони Фонди хазинаҳои амонатии Олмон баррасӣ кардааст. Тавре сомонаи БМТ хабар медиҳад, мулоқоти Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Бранко Венерт, коршиноси Фонди хазинаҳои амонатии Олмон 2- уми октябри соли 2023 баргузор гардида, зимни он ҷонибҳо […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Академияи бонкӣ таъсис диҳад. Ин  масъаларо муовини раиси ин бонк бо намояндагони Фонди хазинаҳои амонатии Олмон баррасӣ кардааст.

Тавре сомонаи БМТ хабар медиҳад, мулоқоти Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Бранко Венерт, коршиноси Фонди хазинаҳои амонатии Олмон 2- уми октябри соли 2023 баргузор гардида, зимни он ҷонибҳо аз ҷумла таъсиси Академияи бонкӣ дар Тоҷикистонро муҳокима кардаанд.

Зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки таъсиси академия дар кишвар барои рушди иқтисоди миллӣ ва бахусус низомӣ бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони ин бахш муҳим мебошад.

“Айни замон таъсиси Академияи бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавонад ба талаботи муосири бозори байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад ва сатҳи хизматрасонии молиявиро боз ҳам баландтар бардорад, баррасӣ шуда истодааст. Мо хуб медонем, ки Фонди хазинаҳои амонатии Олмон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад ва омодаем масъалаи мазкурро бо Фонди мазкур муҳокима намоем. Зеро барои рушди иқтисоди миллӣ ва бахусус низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии кормандон муҳим буда, Академияи бонкӣ дар сатҳи зарурӣ метавонад ин вазифаро иҷро намояд”, – гуфтааст Гулбаҳор Назирӣ.

Бранко Венерт зикр намудааст, ки имконият ва муҳлати ташкили муассисаи таълимӣ, маблағгузории минбаъдаи он, талаботи бозор ба омӯзиши мавзуъҳои низоми бонкӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти он зимни мулоқоту вохӯриҳо бо мутахассисон муайян хоҳанд шуд.

Аммо маълум нест, ки Академияи бонкӣ дар Тоҷикистон кай таъсис меёбад. Танҳо ҳамин қадар рӯшан аст, ки корҳо барои таъсиси ин академия аллакай оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.