Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дидбонгоҳи нав сохт

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 16 октябр маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии нав баргузор шуд. Дидбонгоҳ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати Русия сохта шуда, ба ифтихори 25 марзбони руси дидбонгоҳи маъруфи 12-ум, ки соли 1993 ҳангоми муқовимат ба ҳамал террористн аз Афғонистон ҷон бохта буданд, номгузорӣ шуд. Дар ин маросим сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, […]

Asia-Plus

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 16 октябр маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии нав баргузор шуд.

Дидбонгоҳ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати Русия сохта шуда, ба ифтихори 25 марзбони руси дидбонгоҳи маъруфи 12-ум, ки соли 1993 ҳангоми муқовимат ба ҳамал террористн аз Афғонистон ҷон бохта буданд, номгузорӣ шуд.

Дар ин маросим сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, намояндагони Дастгоҳи Атташе оид ба масоили мудофиаи назди сафорати Русия ва Гурӯҳи ҳамкории сарҳадии Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия ширкат варзиданд.

Семён Григорев зикр кард, ки дидбонгоҳи нав як унсури назарраси посбонӣ ва ҳифзи қитъаи муҳими стратегии марзи Тоҷикистону Афғонистон дар сарҳади ҷанубии ИДМ ва СААД мегардад.

«Ҷумҳурие, ки бо Афғонистони ноором дарозтарин марз дорад, дар меъмории амнияти Осиёи Марказӣ нақши махсус дорад», – изҳор дошт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.