Иштироки ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи бузург дар АМА

Дар Абу-Даби (Амороти муттаҳидаи Араб,АМА) имрӯз, 24 октябр мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” оид ба ҷудо оғоз мешавад, ки дар он 7 ҷудокори тоҷик иштирок мекунанд. Мувофиқи дархостҳои пешакӣ, дар мусобиқаи мазкур аз иштироки 467 нафар варзишгарон аз 81 кишвари саросари дунё интизорӣ меравад. Намояндагони Тоҷикистон аз 7 дараҷаи умумии вазнҳо дар мусобиқа дар 6-тоаш рақобат […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Абу-Даби (Амороти муттаҳидаи Араб,АМА) имрӯз, 24 октябр мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” оид ба ҷудо оғоз мешавад, ки дар он 7 ҷудокори тоҷик иштирок мекунанд.

Мувофиқи дархостҳои пешакӣ, дар мусобиқаи мазкур аз иштироки 467 нафар варзишгарон аз 81 кишвари саросари дунё интизорӣ меравад.

Намояндагони Тоҷикистон аз 7 дараҷаи умумии вазнҳо дар мусобиқа дар 6-тоаш рақобат мекунанд. Дастаи занонаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳузур надорад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз варзишгарони зерин иборат аст: Меҳрзод Сӯфиев (60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг) ва Эмомризо Анварзода (то 100 кг).

Силсилаи Тоскулоҳи Бузург дар Абу-Даби дар доираи Сайри ҷаҳони ҷудо доир гардида, баллҳое, ки дар ҷараёни ин мусобиқа ба даст оврада мешаванд, ба ҳисоби интихоб ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дохил мешаванд.

Ғайр аз ин, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа барои даст ёфтан ба медали тилло – 5 ҳазор евро, медали нуқра – 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ – 1,5 ҳазор  евро мукофтпулӣ мегиранд. Фонди умумии ҷоизаҳо 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.