Содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон: Кадом маҳсулотро метавон зиёд ва кадомеро кам кард?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зимни табрикоти хеш бахшида ба ҷашни миллии кишоварзии Меҳргон аз кишоварзон даъват кард, ки дар тамини кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он саҳим бошанд. Дар воқеъ, то чӣ ҳад Тоҷикистон метавонад содироти маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунад? Соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,3 миллиард доллар маҳсулот содир кардааст, […]

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зимни табрикоти хеш бахшида ба ҷашни миллии кишоварзии Меҳргон аз кишоварзон даъват кард, ки дар тамини кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он саҳим бошанд.

Дар воқеъ, то чӣ ҳад Тоҷикистон метавонад содироти маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунад?

Соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,3 миллиард доллар маҳсулот содир кардааст, ки аз ин 249 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ (нахи пахта – 195 миллион доллар, меваю сабзавот – 54 миллион доллар) мебошад. Ҳиссаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар таркиби умумии содирот қариб 11 дарсадро ташкил додааст.

Талаботи аҳолӣ ба сабзавоту зироатҳои полезӣ 1,6 миллион тонна, меваю буттамева 1,2 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти асосии содиротии кишоварзӣ

Пахта

Сабаб – афзоиши коркарди пахта дар дохили кишвар бо мақсади бештар кардани истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда (матоъ, либос ва ғайра) мебошад.

То соли 2025 истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ, тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, бояд аз 11,6 то 32,7 ҳазор метри мураббаъ афзоиш ёбад.

Пиёз

Даромад аз содирот дар ояндаи наздик метавонад аз 6 миллион доллар ба 9 миллион доллар афзоиш ёбад.

Ин рақам аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосил ба нақша гирифта шудааст.

Сабзӣ      

Даромад аз содироти сабзӣ ҳоло тақрибан 500 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Даромадро тавассути содироти сабзии хушк, ки арзиши як тоннааш 450 доллари амрикоист, бо кам кардани талафоти интиқол, бештар кардан мумкин аст.

Барои афзоиши даромад аз содироти сабзӣ, Тоҷикистон метавонад ба ҳосили барвақти баҳорӣ такя кунад. Ҳавои мусоиди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сабзӣ дар як сол бор  – дар моҳҳои феврал-март, август ва ноябр—декабр кишт карда шавад.

Карам

Даромад аз содироти карам тақрибан 250 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Барои зиёд кардани даромад аз содироти карам, мисли сабзӣ, онро дар тамоми сол – баҳору тобистон, тирамоҳ ва зимистон парвариш кардан мумкин аст.

Чормағз ва писта

Дар соли 2022 Тоҷикистон ҳудуди 1 ҳазор тонна чормағз, писта ва бодомро ба маблағи 1,5 миллион доллар содир кардааст, ки тақрибан нисфи онро содироти пистаи тозашуда – 737 ҳазор доллар ташкил медиҳад.

Маълумоти аник дар бораи он ки дар кишвар чӣ кадар чормағз, писта ва бодомро истехсол карда мешавад, нест. Аммо аз рӯи маълумоти тахминӣ ҳаҷми умумии онҳо аз 10 ҳазор тонна зиёд нест, ки даҳяки он ба хориҷ содир мешавад.

Дурнамо – ба гуфтаи иқтисоддонҳо, фоида аз парвариши писта, чормағз ва бодом нисбат ба зироатҳои полизӣ ва ғалладона хеле зиёд аст.

Дар Тоҷикистон то ҳол дар миқёси саноатӣ истеҳсоли меваи чормағз вуҷуд надорад.

Лимӯ

Тоҷикистон ҳамасола ба хориҷи кишвар ба маблағи 450-500 ҳазор доллар лимӯ мефурӯшад.

Дурнамои парваришу ҳосилғундорӣ ва содироти лимӯ ноумедкунанда аст. Лимӯпарварон онро дар гармхонаҳои бо сарфи маблағи зиёд парвариш мекунанд, аммо нархи он аксар вақт аз арзиши истеҳсолии он камтар аст. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳ лимупарварӣ сол аз сол коҳиш меёбад.

Ангур

Тоҷикистон аз содироти ангури тару тоза дар як сол ба маблағи беш аз 10 миллион доллар фоида ба даст меорад. Шурӯъ аз соли гузашта хушконидани ангур ва содироти мавиз ба роҳ монда шудааст.

Майдони умумии ангурзор дар кишвар қариб 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Дурнамо — давлат ангурро яке аз навъҳои афзалиятноки маҳсулоти хочагии қишлоқ ҳисоб карда, ангурпарвариро аз рӯйи барномаи махсус рушд дода, ҳосилнокии онро ҳар сол 10 ҳазор тонна зиёд мекунад.

Зардолу

Зардолу аз ҷиҳати парвариш ва ҳаҷми содирот дар байни дигар меваҳо дар ҷойи аввал аст. Даромади солона аз он 20 то 25 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дурнамо – ба далели даромаднокии зиёд Тоҷикистон ният дорад дар ду соли оянда содироти зардолуи хушкро ду баробар афзоиш диҳад. Бо ин мақсад, ҳам дар вилояти Суғд, ки пешсафи анъанавии парвариши ин маҳсулот аст ва ҳам дар вилояти Хатлон майдолнҳои нави зардолу бунёд мешаванд.

Мева

Дурнамо – ҳукумат ният дорад, ки дар се соли наздик истеҳсоли меваро ба 516 ҳазор тонна ва содирогти онро ба 30 ҳазор тонна расонад.

Ба гуфтаи коршиносон, зарфияти Тоҷикистон дар ин самт тақрибан ду баробар бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.