Тоҷикистон ба Бозиҳои IV Параосиёӣ киҳоро фиристод?

Дар Бозиҳои IV Параосиёӣ, ки рӯзи 22 октябр дар Ханчжоу оғоз гардиданд, Тоҷикистонро 9 нафар намояндагӣ мекунанд. Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаҳо оид ба 7 навъи варзиш иштирок мекунанд. Ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин Бозиҳо иборат аст аз: Бахтиёр Донаёров, Фарзона Ғуломова (пауэрлифтинг), Шоҳрух Назаров (ҷудо), Шабнам Меканбоева (бадминтон), Екатерина Ишенко (тенниси рӯимиз), Ҳамроқул Эркабоев, Суҳроб […]

Дар Бозиҳои IV Параосиёӣ, ки рӯзи 22 октябр дар Ханчжоу оғоз гардиданд, Тоҷикистонро 9 нафар намояндагӣ мекунанд.

Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаҳо оид ба 7 навъи варзиш иштирок мекунанд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин Бозиҳо иборат аст аз: Бахтиёр Донаёров, Фарзона Ғуломова (пауэрлифтинг), Шоҳрух Назаров (ҷудо), Шабнам Меканбоева (бадминтон), Екатерина Ишенко (тенниси рӯимиз), Ҳамроқул Эркабоев, Суҳроб Ҳамдамов (шоҳмот), Муҳаммадмаҳмуд Раҳматов (варзиши сабук), Сиёвуш Илёсов (велоспорт).

Дар ин мусобиқа зиёда аз 4 ҳазор нафар варзишгарон аз 43 давлати қораи Осиё ширкат меварзанд. Онҳо барои дарёфти 564 маҷмӯи медалҳо дар 22 навъи варзиш, 490-тои он дар навъҳои паралимпӣ ва 74 – дар навъи ғайрипараолимпии мусобиқа рақобат мекунанд.

То имрӯз аллакай намояндагони 24 кишвар ба дарёфти медалҳои мусобиқа ноил гардиданд.

Дар ҷадвали медалҳо Чин бо касби 115 медал, аз ҷумла 44 тилло пешсаф буда, намояндагони Эрон – 29 ва Ӯзбекистон – 27 медал ба даст овардааанд ва дар зинаҳои дуюму сеюм дар ҳисоби умумидаставӣ қарор доранд.

Намояндагони Тоҷикистон ҳоло медал ба даст наовардаанд.

Мусобиқаҳои мазкур то 28 октябр идома меёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.