Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam-2023”

Ҷудокори тоҷик, ки дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” – “Abu Dhabi Grand Slam-2023” иштирок доштанд, дар марҳилаҳои гуногун аз рақибони худ шикаст хӯрда, бидуни нишонҳои мусобиқа монданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳафт ҷудокор дар шаш вазн намояндагӣ карданд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Суфиев – 60 кг; Обид Ҷебов – 66 кг; Беҳрӯз Хоҷазода – 73 […]

Asia-Plus

Ҷудокори тоҷик, ки дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” – “Abu Dhabi Grand Slam-2023” иштирок доштанд, дар марҳилаҳои гуногун аз рақибони худ шикаст хӯрда, бидуни нишонҳои мусобиқа монданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳафт ҷудокор дар шаш вазн намояндагӣ карданд:

Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Суфиев – 60 кг;

Обид Ҷебов – 66 кг;

Беҳрӯз Хоҷазода – 73 кг;

Сомон Маҳмадбеков – 81 кг;

Ҷаҳонгир Маҷидов – то 90 кг;

Эмомризо Анварзода – то 100 кг.

Муҳаммадсалеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев ва Обид Ҷебов дар рӯзи аввали мусобиқа аз рақибони худ шикаст хӯрда, тарки рақобат карданд.

Беҳрӯз Хоҷазода дар дақиқаҳои охири даври дуюм аз Карим Абдулоев, варзишгар аз АМА шикаст хӯрд.

Сомон Маҳмадбеков бошад, дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуввуми мусобиқа ба рақибаш Николас Йонезуки аз Амрико пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз Ҷиакомо Гамбои итолиёӣ мағлуб шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар даври аввал озод буд, вале дар даври дуюми мусобиқа аз Вугар Толибови озорӣ шикаст хӯрд.

Эмомризо Анварзода ҳам дар даври аввал озод буд, аммо дар даври дуюми мусобиқа аз Аарон Фараи утришӣ ноком шуд.

Ҳамин тавр, ҷудокорони тоҷик бидуни нишон мусобиқаро тарк карданд.

Мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam-2023” аз 24 то 26-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Абу – Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 453 варзишгар аз 80 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур дар доираи Сайри ҷаҳони ҷудо доир гардида, холҳои дар ҷараёни мусобиқа соҳибшудаи варзишгарон ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Париж – 2024 ҳисоб карда мешаванд.

Ғайр аз ин, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа барои даст ёфтан ба медали тилло – 5 ҳазор евро, медали нуқра – 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ – 1,5 ҳазор  евро мукофтпулӣ мегиранд. Фонди умумии ҷоизаҳо 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.