Марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон бар асари садамаи нақлиётӣ

Date:

Бар асари садамаи нақлиётие, ки дирӯз, 29-уми октябр, дар вилояти Актубеи Қазоқистон рух дод, як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Ӯзбекистон ҷон бохтаанд.

Дар ин бора сомонаи расмии polisia.kz хабар медиҳад.

Дар хабар ному насаби шаҳрванди Тоҷикистон ишора намешавад, танҳо гуфта мешавад, ки ӯ 34 сол дошта, дар шоҳроҳи Самара-Шимкент ба мошини шаҳрванди 31-солаи Ӯзбекистон бархӯрдааст.

Ҳамчунин, бар асари садамаи нақлиётӣ, як мусофир ниҳз ба ҳалокат расидааст, аммо аз ӯ ҳам ном бурда намешавад ва мавълум нест, ки ӯ шаҳрванди кадом давлат аст.

Ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористони вилоятии Кобда бистарӣ шудаанд.

Нисбати ҳодисаи садамаи нақлиётӣ тибқи моддаи 345 қисми 4и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...