Чаро UFC муҳорибаи Нурулло Алиев ва Матеуш Ребеккиро лағв кард?

Нурулло Алиев, размикори сакбуквазни UFC дар саҳифаи худ дар Instagram хабар дод, ки пояш лат хӯрдааст ва рӯзи 11-уми ноябр дар мусобиқаи UFC 295 дар шаҳри Ню Йорк (ИМА) ширкат карда наметавонад. “Пас аз муоина табибони UFC маро манъ карданд ва ба мубориза розӣ нашуданд. Рӯзҳои наздик пойамро ҷарроҳӣ хоҳам кард”, – гуфт размикор. Алиев […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нурулло Алиев, размикори сакбуквазни UFC дар саҳифаи худ дар Instagram хабар дод, ки пояш лат хӯрдааст ва рӯзи 11-уми ноябр дар мусобиқаи UFC 295 дар шаҳри Ню Йорк (ИМА) ширкат карда наметавонад.

“Пас аз муоина табибони UFC маро манъ карданд ва ба мубориза розӣ нашуданд. Рӯзҳои наздик пойамро ҷарроҳӣ хоҳам кард”, – гуфт размикор.

Алиев дар Instagram навиштааст, ки дар чанд моҳи гузашта ба далели пеш омадани масоили оилавӣ танаффус кардааст, аммо ҳеҷ гоҳ тамринро қатъ накардааст.

"Вақте ки UFC ба ман рақиби шоиста пешниҳод кард, ман бо камоли майл розӣ шудам. Ин бархӯрд бароям муҳим аст, бинобар ин ман ба ин мубориза бо ҷидду ҷаҳд омодагӣ гирифтам. Ҳама чиз мувофиқи нақша пеш рафт, беҳтарин толорҳои варзишӣ, мураббиён ва ғизошиносон бо ман корбарӣ мекарданд. Мутаассифона, чанд рӯз пеш поям лат хӯрд. Пизишкони UFC пас аз муоина набардро манъ карданд ва розӣ нашуданд ба мубориза бароям”, – Нурулло Алиев.

Рақиби Нурулло Алиев Матеуш Ребекки аз Лаҳистон аст.

Ёдовар мешавем, ки Алиев дар моҳи феврали соли 2023 дар мусобиқаи UFC Fight Night 220 бори аввал Рафаэл Алвесро шикаст дод.

Ӯ 9 ғалаба дорад ва ҳеҷ бохт надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.